Ovozi.uz

22‒юми июн…

Ин воқеа рӯзи нахустини ҷанги солҳои 1941‒45 рӯй додааст. Взводи артиллерия, ки аз се тӯп иборат буд, аз хатти мудофиа каме дуртар — дар баландӣ мавқеъ гирифта буд. Командирони тӯпҳо аз ин меҳаросиданд, ки тӯпҳо аз дур ба назар мерасанд, бинобар ҳамин, бо шохҳои дарахт то тавонистанд тӯпҳоро пинҳон, яъне маскировка карданд. Дар паҳлӯи тӯпҳо қуттиҳои пур аз снарядҳо меистоданд. Дар хатти мудофиа сарбозони тирандоз, пулемётчиҳо, силоҳбадастони зиддитанкӣ (ПТР) ҳушёрона интизори омадани душманон буданд.

Мувофиқи маълумоти разведкачиён то нисфирӯзӣ бояд танкҳои душман расида биёянд. Соатҳои 11 дар осмони соф тайёра (самолёт)-ҳои тамоман бегонаи душман намоён шуданд. Онҳо ҳавопаймоҳои разведкачӣ буданд. Гирду атрофро воҳимаву ҳарос пахш кард, аммо командири баталён, аз ҷумла командири взводи тӯпҳо Раҳматзода (сурати якум) ва нишонгир Қаҳҳорхон (сурати дуввум) наҳаросиданд, чунки онҳо соли 1939 дар ҷанги зидди Финляндия иштирок карда буданд. Командирони тӯпҳо дурбинро аз пеши чашм дур намекарданд. Дар ҳамин лаҳза дар осмон ҳавопаймоҳои бомбаандози душман пайдо шуданд ва мавқеи сарбозони моро бомбаборон карданд. Аз ин бомбаборони ногаҳонӣ Ленаи ҷавони санитарка, командири взводи сеюм ва ду нафар тирандоз ба ҳалокат расиданд, як қисми хандақ (окоп)-ҳо валангор гардиданд. Ҳавопаймоҳои душман бори дуюм боз гашта омада, бомбаафканӣ карданд, ки як бомба рост ба болои тӯпи сеюм омада таркид: тӯп чаппа гашт, нишонгири тӯп Нарзуллоев, ки аз деҳаи Андиҷонӣ буд, сахт захмин гашт ва дере нагузашта, дар дасти Қаҳҳорхон ҷон дод.

Тахминан соатҳои 2 аз дур овози пурдаҳшат шунида шуд. Ин овози танкҳои душман буд. Дере нагузашта, аз дур танкҳои бегона ба назар намоён шуданд. Ба дили бисёриҳо тарсу ҳарос дучанд гардид, вале командирони ботаҷриба ба наваскарон тасаллӣ медоданд ва рӯҳашонро мебардоштанд. Аскарон ба шуморидани танкҳо шурӯъ намуданд: 25 танк бо аскарҳои пиёдааш паи ҳам меомаданд. Тӯпҳо бошанд, ҳамагӣ 7 адад буданд, пас аз нобуд гаштани 1 тӯп 6 адад тӯп боқӣ монда буданд. Командирони тӯпҳо ва сарбозони хатти мудофиа таъкид мекарданд, ки бе фармон тир накушоянд ва ҳар замон масофаро эълон мекарданд:

‒ 2000… 1500… 1000 метр…

Командирони тӯп давом медоданд:

‒ 600… 500… 400… 300… Оташ!

Бо ин фармон якбора 6 тӯп оташ кушод. Аз тири тӯпҳо 4 адад танк оташ гирифт ва ин бори аввал муваффақияти калон буд. Акнун тирандозони хатти мудофиа ҳам оташ кушоданд ва аз тири силоҳи зиддитанкӣ низ як танк аз ҳаракат бозмонд. Командирони тӯп такроран фармон доданд:

‒ Тирдонҳоро бо снаряди зиреҳшикан пур кунед! Притсел 300, оташ!

Аз ин снарядпарронӣ ҳам 4 танки душман оташ гирифт. Ин аз он шаҳодат медод, ки тӯпчиён дар вақтҳои машқгузаронӣ тирпаррониро нағз омӯхта будаанд. Гирду атрофро дуди ғализи сиёҳ пахш кард, нишон гирифтани нишонгирҳо хеле мушкил гардид.

Нохост як снаряди танки душман рост ба тӯпи якум омада зад. Тӯп чаппа шуд. Ёрдамчии нишонгир Гена ҳамон лаҳза ҳалок гардид, Қаҳҳорхон осеби хеле сахт гирифт: порчаҳои снаряди душман ними биниашро бурида, овезон кард, ҷоғи поёни росташро аз мобайн ва дасташро аз оринҷ шикаста, овезон кард. Дар ҳамин лаҳза фармони умумии ақибгардӣ шунида шуд. Қувваҳо нобаробар буданд. Қаҳҳорхон, Раҳматзода, Устоабдурашид ва сарбозони дигари зиндамонда аз хатти мудофиа ақиб гаштанд. Аз тамоми бадани Қаҳҳорхон, ки хун мешорид, лаҳзае нагузашта, ба замин ғалтид. Ҳамяроқонаш ӯро аз таги ду китфаш бардоштанд ва ӯ ҳӯшашро гум карда буд.

Пас аз се рӯз ба худ омад. Аввал ҳамшираеро, ки болои сараш рост меистод, дида пурсид:

‒ Хоҳарам, ман дар куҷо?

‒ Шумо дар беморхонаи саҳроӣ ҳастед, рафиқ сержанти хурд, ‒ бо чеҳраи кушод посух дод ҳамшира. Ӯ аз он хурсанд буд, ки Қаҳҳорхони дар ҳолати вазнин буда, ба ҳӯш омад.

…Вокзали роҳи оҳан серғавғову пуродам буд. Санитарҳои хилъати сафедпӯш ба чор тараф давутоз мекарданд. Мӯйсафедону бачагон бо борхалтаҳояшон интизори омадани қатора буданд. Дар рӯи майдон замбарҳои тиббӣ бо ярадорони вазнин меистоданд ва Қаҳҳорхон ҳам дар яке аз онҳо буд. Дар майдон аз байни мардум офитсере бо асобағал, ки як пойи докапечаш аз замин боло буд, бо азоб меомад.

Дар ҳамин лаҳза овози ҷонгудоз баромад:

‒ Ҷӯра, ҷӯра…

Ин овоз барои командири асобағалдор шинос — овози Қаҳҳорхон буд. Командир бо асобағал бо душворӣ бошад ҳам, назди замбари тиббӣ ҳозир шуд ва хост амакбачаашро бӯсад, аммо сару рӯйи Қаҳҳорхон қабат‒қабат докапеч буду танҳо ду чашмаш менамуд.

Пеш аз сафарбарӣ ба ҷанги Финляндия ҳамсояҳои девордармиён Қаҳҳорхон ҳисобчии колхози «Комсомол» ва Раҳматзода директори мактаб буданд. Дар сарҳавзи беруни ҳавлӣ ҷӯраҳо рӯзҳои истироҳат хӯрокҳои болаззат пухта, хурсандӣ мекарданд.

‒ Ба ҷойи он зиёфатҳо, ‒ гуфту Раҳматзода аз куҷое як папироси пасмондаро ёфта, ҳарду онро кашиданд ва ба ҳамдигар видоъ гуфтанд, чунки ҳеҷ кас намедонист, ки дар рӯзҳои оянда вомехӯранд ё не. Марҳамати Худоро бинед, ки ду ҷӯраҳо пас аз чор сол бо ҳамдигар дар Берлин вохӯрданд. Лекин додари Раҳматзода Қуддусхон, ки дар Сталинград меҷангид, аз фронт барнагашт. Пас аз ба ватан омадани Қаҳҳорхон фарзандонаш дар бадани падарашон 14 захми тиру «осколка»-ро шумурданд.

Ду тағои ман ҳам ба фронт сафарбар шуда буданд. Тағоям Анвар Умаров бо рутбаи лейтенантӣ баргашт ва тағои дигарам Бақохӯҷа барнагашт. Имрӯзҳо номи неки ӯ дар тахтасанги хотиравии шафати қабристони Равонак навишта шудааст. Дар он рӯзҳои сахт пайвандон хати сиёҳи Бақохӯҷаро аз модарам пинҳон кардаанд. Модарам баъди ба нафақа баромадан ҳар замон дар истгоҳи Равонак баромада менишаст ва роҳи додарашро мепойид. Сад дареғо, ки аз ӯ дигар дарак нашуд.

Шодмон АМОНУЛЛОЕВ