Ovozi.uz

“Ҳафтаи китобхонӣ” оғоз гардид

Имрӯз дар Маркази ахбор-китобхонаи ба номи Пушкини вилоят “Ҳафтаи китобхонӣ”-и панҷумини ҷумҳурӣ таҳти шиори “Ӯзбекистон – диёри китобхонҳо” оғоз шуд.

Дар чорабинии бахшида ба ифтитоҳи он ҷонишини ҳокими вилоят Рустам Қобилов, сардабири таҳририяти муштараки рӯзномаҳои «Зарафшон» ва «Самаркандский вестник» Фармон Тошев, раиси шӯъбаи вилоятии Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон Тошпӯлод Тугалов, вакилони ҳокимиятҳои вилояту шаҳр, аҳли ҷомеа, хонандагон, шоирону нависандагон ширкат варзиданд.

Нахуст, тариқи барномаи ZOOM маросими ифтитоҳи ҷумҳуриявии ҳафтаина намоиш дода шуд. Сипас, ҳозирини чорабинӣ дар бораи моҳияти ҳафтаи китобхонӣ ва ислоҳоте, ки ба ин самт нигаронида шудааст, ҳарф заданд.

Намоишҳои саҳнавӣ ва рақсу сурудҳо ба чорабинӣ хоса бахшиданд.