Дар тӯли солҳои корӣ дар рӯзномаи «Овози Самарқанд» одам бо шахсони гуногуне, ки ба идораи рӯзнома рафтуо мекунанд, на танҳо шинос, балки дӯст ҳам мешавад. Бо баъзеи онҳо ҳатто одат мекунад ва унс мегирад. Наомада монанд, пазмон ҳам мешавад. Абдусалом Самадов ҳам аз ҷумлаи дилсӯзони рӯзнома буд ва акнун ӯ дигар меҳмони рӯзнома намешавад. Вай моҳи августи соли 2021 аз олам гузашту акнун китобҳои ин олими дақиқназару пухтакорро хонда, гӯё сӯҳбату чақ-чақро давом медиҳад.
Абдусалом Самадов олими адабиётшинос, номзади илмҳои филология, дотсент, узви Иттиҳоди эҷодии журналистони Ӯзбекистон, академики Академияи илмҳои «Тӯрон» буд.
Ӯ соли 1955 дар маҳаллаи Боғимайдони ноҳияи Самарқанд дар оилаи омӯзгор ба дунё омада буд. Пас аз хатми мактаби миёнаи рақами 25 ба факултаи филологияи ӯзбек ва тоҷики Донишгоҳи давлатии Самарқанд дохил шуд. Онро соли 1977 ба итмом расонида, се сол ба ҳайси корманди адабӣ, тарҷумон ва хабарнигори рӯзномаи онвақтаи «Ҳақиқати Ӯзбекистон» (ҳоло «Овози тоҷик») кор кард. Баъд ба Самарқанд баргашта, солҳои зиёд дар донишгоҳ ба ҳайси омӯзгор, мудири кафедраи адабиёти тоҷик, ҷонишини декан оид ба корҳои таълим, декани факултаи филологияи тоҷик фаолият нишон дод. Соли 1985 дар мавзӯи «Ҳамоҳангии диалектикаи миллӣ ва байналмилалӣ дар эҷодиёти Мирзо Турсунзода» рисолаи номзадиашро ҳимоя кард.
Устод Абдусалом Самадов тамоми умри худро ба омӯзиши муҳимтарин паҳлӯҳои равобити адабии ӯзбеку тоҷик, ҷанбаҳои муҳими рӯзмарраи адабиёти халқҳои ҳамдӯстӣ, омӯзиши масоили мубрамтарини адабиёти муосир ва назарияи адабиёт бахшид. Муаллифи зиёда аз 15 монография ва рисолаҳои илмӣ, тақрибан 20 китоби дарсӣ ва дастурҳо, инчунин 300 мақолаи илмӣ-оммавӣ мебошад.
Ӯ, ки фаъолияти меҳнатии худро аз рӯзноманигорӣ оғоз карда буд, азобу заҳмати журналистонро хуб медонист. Моҳе як-ду маротиба меҳмони идораи мо мешуд. Ягон мақолаи нави худро ҳамчун дастовез меовард. Мо чанд муддат дар идора нишаста, доир ба масъалаҳои гуногуни зиндагӣ ва беш аз ҳама дар бораи адабиёт ва рӯзноманигорӣ гуфтугӯ мекардем.
Баъзан супорише медодем. Вай дар рӯзи ваъдагӣ онро мерасонд. Яке аз онҳо дар бораи 30‑солагии таъсисёбии рӯзнома буд. Он «Паёмрасони дӯстӣ ва бародарӣ» ном дошт ва дар санаи 15‑уми январи соли 2020 чоп шуд. Мақолаи «Гавҳари дили дарё», ки ба ҳаёту фаъолияти санъатшиносу киношинос ва шоиру муҳаққиқ Ҳазрат Сабоҳӣ бахшида шуда буд, роҳи ҳаёту эҷоди ин фарзанди фарзонаи Самарқандро одам гӯё дар оина медид. Мақолаҳои ӯро бетаҳриру дигаргунӣ (агар мабодо зарур шавад, бо каме ихтисор) ба чоп месупурдем. Мақолаҳоро аз таҳти дил ва самимона менавишт.
Соли 2021 ҳам Абдусалом Самадов фаъол буд. Моҳи феврал мақолае овард, ки худи сарлавҳааш диққатҷалбкунанда буд. «Аз меҳру вафо ҷисми маро сохтаанд» сарлавҳа дошт ва ба ҷанговари ҷавонмарг, ватандӯсти беназир, шоири машҳури самарқандӣ Ҳабиб Юсуфӣ бахшида шуда буд. Умуман, ӯ фарзанди асили Самарқанд буду асоси эҷодиёташро адибони Самарқанд ташкил медод. Аз ин ҷо мақолаи навбатии ӯ, ки «Биҳишту ҷаннатосо — Боғи Майдон дар Самарқанд» ном дошт, 2‑юми июни соли 2021 рӯи чопро дид. Ин охирин мақолаи устод Абдусалом Самадов дар рӯзнома буд.
Абдусалом Самадов соли 2020 китоби маҷмӯаи мақолаҳои худро таҳти унвони «Нишони меҳр» чоп карда буд. Дар асл худаш тимсоли меҳр буд гӯем, хато нахоҳад шуд.
— Падарам дар дил чӣ хел ниятҳо доштанд, мо намедонем, — гуфт писари олим Шӯҳрат Самадов. — Баногоҳ аз дунё гузаштанду мо бехабар мондем. Ба эҷод иштиёқашон баланд буд. Агар падарам зинда мебуданд, 7‑уми июни ҳамин сол ба 70 қадам мегузоштанд. Ба ҳамин муносибат мо баъзе мақолаҳои чопнашудаашонро мехоҳем ба нашр расонем.
Б.Ҷумъаев
