Ovozi.uz

Ҷалб намудани аҳолӣ ба намудҳои оммавии варзиш ва рақамикунонии соҳа

Мусоҳиба бо иҷрокунандаи вазифаи роҳбари Садорати варзиши вилояти Самарқанд Олим Собиров дар мавзӯи “Чораҳои иҷрошаванда барои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши оммавӣ дар вилояти Самарқанд”.

– Варзиш дар мустаҳкам намудани саломатии аҳолӣ ҷойгоҳи беҳамто дорад. Ба ин маъно имрӯз дар вилояти мо кадом корҳо барои таъмин намудани машғулияти мунтазами аҳолӣ бо варзиш иҷро мешаванд?

– Дар вилоятамон оиди рушди варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ корҳои васеъмиқёс амалӣ гардида истодаанд. Хусусан, соли гузашта дар тамоми вилояти мо 5 693 намунаи чорабиниҳои варзишии оммавӣ ташкил гардид, ки дар он 1 184 490 нафар аҳолӣ иштирок намуданд. Имсол нақша дорем, ки 30 дарсади аҳолии вилоятро дар ин чорабиниҳои варзишии оммавӣ ҷалб намоем.

Хусусан боиси хурсандист, ки марафонҳои пиёдагардӣ ва давидани оммавӣ, ки рӯзи панҷшанбеи ҳар ҳафта дар маҳаллаҳо баргузор мегардад, рӯз то рӯз ба як ҳаракати халқӣ табдил меёбад. Ҳамчунин, мусобиқаҳои варзишии «Олимпиадаи панҷ ташаббус» низ босуръат идома доранд.

Хусусан, мусобиқаҳои «Ҷоми хизмати бехатарии давлатӣ» дар намуди футбол ва мини-футбол дар ҳамаи минтақаҳои вилояти мо дар сатҳи баланд ташкил карда мешаванд. Ҳамзамон, мусобиқаҳо дар намудҳои волейбол, гандбол, шахмат ва шашка низ оғоз гардидаанд.

Ҳамчун идомаи ин корҳо, дар марҳилаи оянда қабули озмоишҳои варзишии «Сатҳи тайёрии ҷисмонӣ» аз ҷониби аҳолӣ пешбинӣ шудааст.

– Дар солҳои охир Самарқанд мизбонии мусобиқаҳои номдори варзиширо ба ӯҳда мегирад. Чемпионатҳои миллии гуногуни варзишӣ айнан дар Самарқанд гузаронида мешаванд…

– Ҳоло дар шаҳри Самарқанд мусобиқаҳои касбии варзишӣ низ оғоз ёфтаанд. Хусусан, вилояти мо мизбонии Чемпионати миллии варзиш дар риштаи қаиқронӣ дар байдарка ва каноэро ба ӯҳда дорад. Ин сол аз моҳи май, мусобиқаҳои байналмилалӣ дар ин самтҳо низ оғоз меёбанд.

– Имрӯз рақамӣ кардани ҳамаи соҳаҳои ҷомеа ба вазифаҳои устувор табдил ёфтааст. Соҳаи варзиш ҳам, албатта, аз ин ҳаракат ақиб намондааст.

– Дарҳақиқат, имрӯз ҷараёни рақамӣ кардани ин соҳа низ бо суръати баланд идома дорад. Масалан, дар соҳаи варзиш 24 намуди хизматрасониҳо пурра рақамӣ карда шудаанд. Ин на танҳо барои аҳолӣ, балки барои варзишгарон ҳам қулайиҳои иловагӣ меофарад.

Акнун шаҳрвандоне, ки мехоҳанд дар чорабиниҳои варзишӣ иштирок кунанд, метавонанд бе он ки аз хона бароянд, тавассути платформаҳои онлайн номнависӣ кунанд. Масалан, шаҳрвандоне, ки дар мусобиқаҳои «Олимпиадаи панҷ ташаббус» ва «Тайёрии ҷисмонӣ» иштирок кунанд, аз рӯи ноҳияи худ тавассути платформаи онлайнӣ аз рӯйихат мегузаранд. Пас аз он, маълумоти иловагӣ оид ба ҷой ва вақти баргузории чорабиниҳо ба онҳо тақдим мегардад.

Ғайр аз ин, бо иштироки Садорати варзиши вилоят ва ташкилотҳои ҳамкор, нақшаи тақвимӣ роҷеъ ба баргузории чорабиниҳои варзишии оммавӣ тасдиқ шудааст. Бо муносибати санаҳои муҳим барпо кардани чунин чорабиниҳои тарғибии варзишӣ барои донишҷӯён, наврасон ва кормандони ташкилотҳо имконияти иштироки мунтазамро дар фаъолияти варзишӣ фароҳам меорад, ки ин аз вазифаҳои асосии мо ба шумор меравад.

– Таманноиёти шумо ба ҳамватанон…

– Дар ин маврид, ҳамаи ҳамватанони азизро ба иштироки фаъолона дар чорабиниҳои варзишии вилоят даъват менамоем. Зеро, саломатӣ – неъмати бебаҳост. Биёед, саломатии худро бо иштирок дар чорабиниҳои варзишӣ мустаҳкам созем!