Ovozi.uz

Куҳансолтарин бонуи сайёра мурд: вай қариб 117-сола буд

Оиди марги Ина Канабарро Лукас дар Бразилия, ки 116 солу 326 рӯз дошт, LongeviQuest, созмоне, ки ба тафтиши маълумот дар бораи одамоне, ки дарозумрии рекордӣ доранд, эълон кард.

Вай баъди марги зани 116-солаи ҷопонӣ Томико Итоока дар 29-уми декабри соли гузашта расо чаҳор моҳ боз унвони куҳансолтарин бонуи сайёраро дар даст дошт. Ҳоло унвони куҳансолтарин зани ҷаҳон ба Этел Катерхэм (Англия) гузашт. Катерхэм ҳоло 115 сол дорад. Ӯ 21-уми августи соли 1909 таваллуд шудааст.

Мардон, чун қоида, то ин синну сол камтар аз занон зиндагӣ мекунанд. Дар 30 нафари куҳансолтарин, ки расман тасдиқ шудааст, танҳо як мард — Ҷоао Мариню Нетои 112-солаи бразилӣ вуҷуд дорад ва ӯ дар ҷои 29-ум қарор дорад.