Ovozi.uz

Интихоби раисони маҳаллаҳо идома дорад

Дар хонаи матбуоти вилоят бо иштироки сарвари Садорати вилоятии Иттиҳоди маҳаллаҳо Шералӣ Юлдошев, роҳбари хидмати ахбори ҳокимияти вилоят Мирзо Ихтиёров ва намояндагони васоити ахбори омма анҷумани матбуотӣ баргузор гардид. Дар он оиди ташкил намудани интихоботи раисони маҳалла маълумот дода шуд.

— Аз 1‑уми майи соли ҷорӣ дар ҷумҳуриамон интихоботи раиси ҷамъомади шаҳрвандон оғоз ёфт, — гуфт Ш.Юлдошев. Дар ноҳия ва шаҳрҳои вилояти мо низ дар ҳар як маҳалла раванди интихобот ба таври намунавӣ ташкил карда мешавад.

Қайд кардан ҷоиз аст, ки ба Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи интихоботи раиси ҷамъомади шаҳрвандон» як қатор тағйиротҳо ворид карданд. Аз ҷумла, муҳлати ваколати раиси ҷамъомади шаҳрвандон аз 3 сол ба 5 сол дароз карда шуд. Ваколати комиссияҳое, ки ба ташкил намудан ва гузаронидани интихоботи раисони ҷамъомади шаҳрвандон кӯмак мекунанд, муайян гардиданд. Илова бар ин, ташкили интихобот, гузаронидани он ва муайян кардани муҳлати баргузории он ба ихтиёри шӯроҳои маҳаллии вакилони халқ вогузор карда шуд. Вазифаҳои асосии комиссияҳои ёридиҳанда дар баргузории интихобот низ муайян гардид. Тибқи ин, бо қарори сессияи Шӯрои вилоятии вакилони халқ дар вилояти мо низ ҳайати комиссияи ёрирасон ва «Харитаи роҳ» барои ташкил ва баргузории интихобот тасдиқ карда шуд. Дар марҳилаи омодагӣ ба интихобот, дар тамоми минтақаҳои вилоят сессияи шӯроҳои маҳаллии вакилони халқ баргузор гардида, дар онҳо ҳайати комиссияҳои минтақавӣ, ки ба баргузории интихоботи раисони маҳалла кӯмак мекунанд, тасдиқ гардид.

Қайд карданд, ки гурӯҳҳои кории иборат аз 10 192 нафар дар маҳаллаҳо ташкил, вазифаҳои онҳо муайян ва ба онҳо маҷмӯи тавсия ва ҳуҷҷатҳои намунавӣ тақсим карда шудааст.

Барои ташкил ва баргузории интихобот дар вилояти мо ҷудо кардани зиёда аз 1,5 миллиард сӯм маблағ пешбинӣ шудааст. Ин маблағ ба ҳар як маҳалла ба ҳисоби миёна 1 миллиону 376 ҳазор сӯм рост меояд.

Гуфта шуд, ки дар ҳудуди вилоят дар 90 маҳалла (8 дарсад) интихоботи раиси ҷамъомади шаҳрвандон баргузор шуда, аз байни 235 номзади пешниҳодшуда 63 нафар ҳамчун раиси маҳалла интихоб гардиданд.

Дар ин интихобот аз 23 909 нафар вакил 20 107 нафар (84 дарсад) иштирок кардаанд (ба ҳисоби миёна дар ҳар маҳалла 223 нафар).

Аз шумораи раисони интихобшуда, 17 нафар (18 дарсад) бори аввал интихоб шудаанд, 5 нафар (6 дарсад) занон мебошанд, 73 нафар (81 дарсад) раисони амалкунандаи маҳаллаҳо мебошанд (аз онҳо 66 нафар аз соли 2022 то имрӯз фаъолият доранд) ва 14 нафар (15 дарсад) депутатҳо мебошанд.

Мувофиқи Қонуни аз нав таҳриршуда дар вилоятамон низ моҳҳои май-июн-июл интихоботи раисони маҳаллаҳо баргузор мешавад.

Инчунин, барои раисони интихобшуда дар моҳҳои июл-август дарсҳо ташкил мекунанд, ки дар онҳо асосҳои ташкиливу ҳуқуқии маҳалла, вазифа, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои раисон фаҳмонда ва истифодаи амалии онҳо омӯзонида мешаванд.

Зикрулло АБДУЛЛОЕВ