Ovozi.uz

Бачаҳо аз чандсолагӣ бояд машқи варзиширо оғоз кунанд?

Синну сол, тавоноӣ, хоҳиш…

Эътибори махсус ба варзиш яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати имрӯзаи ҷумҳурии мо ба шумор меравад, ки номи кишварамонро ба тамоми ҷаҳон муаррифӣ мекунад. Зимни ислоҳоте, ки дар ин самт амалӣ мегардад, варзишгарони ҷасуру боғайрати мо минбарҳои ҷаҳониро забт намуда, парчами Ӯзбекистонро парафшон менамоянд. Аҳолӣ ҳам аз самара ва натиҷаи ин ислоҳот хулоса бароварда, кӯшиш мекунанд, ки фарзандонашон ҳарчи зудтару бештар бо варзиш шуғл варзанд.

Вале баъзеҳо дар паи ин орзу қарорҳои нодуруст қабул мекунанд ва ба синну сол, тавоноӣ ва хоҳиши фарзанди худ нигоҳ накарда, онҳоро ба намуди варзише, ки худ мехоҳанд, мебаранд. Дар натиҷа, фарзанд ба ин намуди варзиш тоб оварда натавониста, ё маъюб мешавад ё инкишоф намеёбад, ё аз рӯи он, ки хоҳиш надорад, ба машғулотҳо дилсардона нигоҳ карда, пеш намеравад.

Аз ин рӯ, волидонро лозим аст, ки вақти ба дасти устоди варзиш супурдани фарзанди хеш синну сол, хоҳиш ва қуввату тавоноии ӯро ба инобат гиранд. Хусусан, ба инобат гирифтани синну соли фарзанд аҳамияти зиёд дорад.

— Писарам, ки хурдсол аст, ба қаҳрамонҳои филмҳо ҳавас карда, мехоҳад ҳарчи зудтар ба мисли онҳо зӯру бақувват шавад, — мегӯяд яке аз сокинони шаҳри Самарқанд, ки номи худро ошкор кардан нахост. — Ҳар рӯз, вақте ки шавҳарам аз кор бармегашт, писарам падарашро маҷбур мекард то бо ӯ машқҳои ҷисмонӣ кунад. Шавҳарам баъди хӯрдани хӯроки шом бо ӯ машқ мекард. Албатта, он машқҳо он қадар душвор набуданд ва писарам онҳоро мисли бозӣ иҷро менамуд. Вале ӯ лоғар шудан гирифт. Фаҳмидем, ки аз сабаби машқ аст. Ҳоло ба писарам танҳо давидану ҷаҳидан ё ягон машқҳои ба синну солаш мувофиқро иҷозат медиҳем.

Баъзе навъи варзишро аз кӯдакӣ бояд оғоз кард

Баъзе навъи варзиш ҳаст, ки баръакс ба он фарзандро дар хурдсолиаш набаред, баъд дер мешавад. Ба ин ҷиҳат низ бояд эътибори алоҳида нигаронида шавад.

— Ба навъҳои атлетикаи сабук, гимнастика, шиноварӣ, ва ғайраи варзиш фарзандонамонро дар хурдсолиашон барем, беҳтар аст, — фаҳмонд мутахассиси атлетикаи сабук Зафар Ӯтаев. — Чунки устухони онҳо ҳанӯз мустаҳкам набуда, ба машғулоти ин навъи варзиш осон мутобиқ мешаванд. Масалан, агар бачаро ба гимнастика баъд аз 10‑солагӣ баред, алакай устухони вай сахт шудааст ва ба хаму ростҳое, ки гимнастикачиён иҷро мекунанд, тобовару мувофиқ нест. Ба навъҳои варзиши бокс, гӯштин, каратэ, таэквондо ва ғайра бошад, бачаҳо беҳтараш баъд аз даҳсолагӣ машғул шаванд. Дар асл, ба бачаҳои синнашон аз 11‑сола поён ҳангоми машқҳо вазифаҳои махсус дода, аз онҳо натиҷа талаб карда намешавад. Бо онҳо танҳо машқҳои тандурустӣ мегузаронем. Ба самти махсуси варзиш бошад, онҳоро дар синни 11–13‑солагиашон интихоб мекунем. Ин синну сол ҳам ба фаҳмиш, ҳам ба саломатии онҳо мувофиқ аст.

Ҳам машғулот — ҳам ғизои дуруст

Дар баробари варзиш ғизо аҳамияти калон дорад. Зеро варзишгар агар аз ғизо мутобиқи энергияе, ки дар машқҳо сарф мекунад, қувваро нагирад, машқ бар зарари варзишгар таъсир мерасонад.

— Бо варзиши сабук шуғл варзидани бачаҳои синнашон хурд хуб аст, зеро иштиҳои онҳо кушода ва ҳазми таомашон хубтар мегардад, — тавсия дод ҷонишини сардухтури Маркази тиббии бисёрсоҳаи кӯдаконаи вилоят Дилшод Раҳмонов. — Дар натиҷа, организми онҳо тезтар ва мукаммалтар рушд меёбад. Вале ба замми ин, талаб ба ғизо ҳам зиёд мешавад. Агар талаб ба ғизои варзишгар қонеъ нагардад, таоми ӯ ба меъёр оварда нашавад ва ӯ витаминҳои заруриҳо гирифта натавонад, варзиш ба ӯ метавонад зарари ҷиддӣ расонад. Аз ҷумла, бача мумкин аст рушд наёбад, устухонҳои ӯ каҷ ривоҷ ёбанд ё дар онҳо деформатсия пайдо шавад.

Аз суханҳои боло ба хулосае омадан мумкин аст, ки ҳарчанд варзиш муҳим аст, вале дуруст интихоб намудани навъҳои он низ аҳамияти калон дорад.

Мутахассон тавсия медиҳанд, ки бачаҳо бо навъҳои варзиши шиноварӣ, давидан, ҷаҳидан, дзюдо ва рақс аз 4 то 7‑солагӣ, бо футбол, баскетбол, волейбол, ҳоккей, гимнастика, лижаронӣ, дучархаронӣ, гӯштин аз 7 то 9‑солагӣ, бо камонварӣ, шамшербозӣ, теннис ва бокс бошад, аз 9–14‑солагӣ шуғлро оғоз кунанд.

Ҳасан СУЛАЙМОНӢ