Ovozi.uz

Оила — меҳвари зиндагӣ

Агар оила тинҷ бошад, маҳалла обод, ҷамъият бошад, фаровон  мегардад.
Ҳар сол 15-уми май — Рӯзи байналмилалии оила дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла дар кишвари мо таҷлил мегардад. Ин рӯз ба мо хотиррасон мекунад, ки инсон новобаста аз синну сол, мақом ва мартаба, аз ҳама бештар ба як нерӯи ҷовид — меҳри оила эҳтиёҷ дорад.
Оила — нахустин мактаби зиндагӣ аст. Ин маконест, ки дар он инсон ахлоқ, меҳрубонӣ, масъулият ва муҳаббатро меомӯзад. Фарзандон дар сояи меҳри падару модар инсони комил мешаванд ва аз гармои дастони онҳо нерӯи зиндагӣ мегиранд.
Оила пояи ҳар як ҷомеаи солим ва муваффақ аст. Ҳар қадаре ки оилаҳо устувор, муттаҳид ва пур аз муҳаббат бошанд, ҳамон андоза давлат ва миллат низ муваффақ хоҳад буд. Аз ин рӯ, таҳкими муҳити солим ва фарҳангии оилавӣ, тарбияи фарзандони ватандӯсту боодоб ва дастгирии ҷавонони навхонадор бояд дар маркази таваҷҷуҳи ҳам ҷомеа ва ҳам давлат қарор гирад.
Имрӯзҳо дар Ӯзбекистони Нав барои беҳтар намудани шароити зиндагии оилаҳо, баланд бардоштани маърифати оиладорӣ ва дастгирии иҷтимоии занону ҷавонон корҳои зиёде анҷом дода мешаванд. Ин ҳама ташаббусҳо барои онанд, ки ҳар як оила худро дар зери ҳимояи давлат эҳсос намояд ва фарзандони солим ба камол расанд.
Рӯзи байналмилалии оила — на танҳо як санаи тақвимӣ, балки як фурсатест барои қадрдонии меҳру садоқати онҳое, ки муҳити оилавиро бо муҳаббат, сабр ва фидокорӣ нигоҳ медоранд.
Оила — оғози муҳаббат, оғози зиндагӣ ва оғози Ватан аст!

Фархунда Равшанзода, донишҷӯ