Ovozi.uz

Чемпионати экологии «Дарахти нав — нафаси нав» амалӣ карда мешавад

Бо қарори дахлдор аз 1-уми декабри соли 2025 Вазорати экология кушода будани базаи маълумотҳои сохтори мониторинги давлатии муҳити табиии атрофро таъмин ва дар онҳо маълумотҳои зеринро ҷойгир мекунад.

Аз ҷумла:

  • дар бораи дарахт ва ниҳолҳое, ки дар доираи лоиҳаи умумимиллии «Макони сабз» шинонда шудаанд;
  • дар бораи аризаҳо, ки шахсони ҳуқуқӣ ва ҷисмонӣ барои гирифтани ҳуҷҷатҳои хусусияти рухсат додан дошта бо мақсади буридани дарахт ва буттаҳо додаанд;
  • дар бораи шахсоне, ки ба тартиби моратория барои аз ҳавзаҳои об кофта гирифтани масолеҳи маъдан набуда риоя накардаанд.

Аз соли 2025 ҳар сол зеринро амалӣ карда мешаванд:

  • экочемпионати ҷумҳуриявии «Дарахти нав – нафаси нав» дар доираи лоиҳаи умумимиллии «Макони сабз»;
  • ҳар моҳ 1 маротиба зери шиори «Маҳалларо ба мавзеи аз партов холӣ табдил медиҳем» иқдом (аксия) ва чорабиниҳои тарғиботӣ гузаронида мешавад.

Ғайр аз инҳо донишҷӯёни муассисаҳои таълими олӣ Ҳаракати донишҷӯёни эковолонтёри Ӯзбекистонро ташкил мекунанд.