Ovozi.uz

Дар 20 соли охир шумораи тамокукашон дар ҷаҳон 300 миллион нафар кам шудааст

Тибқи гузориши Созмони умумиҷаҳонии тандуруртӣ, дар 20 соли ахир истеъмоли тамоку дар ҷаҳон тақрибан 30 дарсад коҳиш ёфта, теъдоди тамокукашон 300 миллион нафар кам шудааст.

Директори генералии СУТ Тедрос Гебрейюс қайд кард, ки ин натиҷаи Конвенсияи муҳим оид ба мубориза бо тамоку мебошад, ки 20 сол пеш эътибор пайдо кардааст.

Аммо, тамоюли коҳиш сабаби қаноатмандӣ нест. Зеро тамоку то ҳол сабаби асосии марги пешгиришаванда дар саросари ҷаҳон аст. Афсӯс, ки ҳамасола 8,7 миллион нафар аз ин беморӣ вафот мекунанд.

Илова бар ин, дуди тамоку ҳаёти тамокукашони ғайрифаъол, яъне одамони атрофи онҳоро заҳролуд мекунад. Ҳамин омил дар як сол боиси марги беш аз 1,2 миллион нафар мешавад.

Мувофиқи хулосаи қатъии СУТ, сарфи назар аз намуд ва теъдоди тамоку, он ба саломатӣ зараровар аст!

Бо дарназардошти вазъи кунунӣ, СУТ аз тамоми кишварҳои аъзо даъват кардааст, ки истеъмол, истеҳсол, фурӯш ва таблиғи маҳсулоти тамокуро ба таври қатъӣ ба тартиб дароранд.