Ovozi.uz

РАҚАМИГАРДОНӢ БАРОИ ПЕШГИРИИ МОНЕАҲО ЁРӢ МЕРАСОНАД

Қадамҳои ислоҳот
Бозорҳои калони молу маҳсулот ҷои савдо: яке мефурӯшаду дигаре мехарад. Дар ин муомилаи савдо кам андар кам фурӯшандаҳо ва аксаран харидорон фиреб мехӯранд. Дар бозорҳо чашмбандиву бо роҳҳои гуногун бо шуури одамон бозӣ намуда, пул кор кардан бисёр ба мушоҳида мерасанд. Ҳамаи инҳоро роҳбарони бозорҳо назорат мекунанд ва корди онҳо ҳамеша болои равған аст. Аз ҳамин сабаб аксарият мехоҳад, ки дар бозор ҷои кори сердаромаде ёбад. Агар фаъолияти бозорҳо мувофиқи талаботи замон дар асоси технологияҳои нав — бе омили инсон ба роҳ монда шавад, оё дастандаркорони бозор бекор мемонанд?
Дар байни қариб 60 бозори вилояти Самарқанд аввалин шуда, Бозори деҳқонии Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди (ҶММ) «Пастдарғам мева-сабзавот» ба сохтори нав — фаъолияти рақамӣ гузашт. Зеро рақамисозӣ ҳоло ба яке аз самтҳои асосии рушди тамоми соҳаҳо табдил ёфтааст. Дар асоси технологияҳои рақамӣ ба роҳ мондани фаъолияти корхонаву ташкилотҳо ба таъмини шаффофият имконият фароҳам оварда, пеши ҳар гуна амалҳои ноқонунӣ ва коррупсияро мегирад…
Бозори деҳқонии ҶММ Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Пастдарғам мева-сабзавот» дар маҳаллаи Қатортераки ноҳия ҷойгир аст. Он соли 2010 ба фаъолият шурӯъ кардааст. Масоҳати бозор 2,78 гектар буда, асосан барои фурӯши меваю сабзавот ва маҳсулоти хӯрокворӣ пешбинӣ гардонида шудааст.
Аз рӯи гуфтаи роҳбари бозор Фаррух Ҷавбӯриев системаи raqamli-­bozor якбора амалӣ гардонда нашудааст. Барои ин моҳҳо меҳнат кардаанд. Бо мақсади ба роҳ мондани ин гуна тарзи кор аввал шароитҳои зарурӣ — пӯшонидани болои бозор, роҳравҳои пиёдагард, асфалтпӯш кардани 4650 метри мураббаъ ҳудуди бозор ва ғайраро ба ҷо овардаанд. Инчунин, панелҳои офтобӣ, ки дорои қувваи 53 кВта аст, насб карданд. Ба туфайли ин кор муаммоҳои қатъ гардидани барқ пешгирӣ карда мешавад. Инчунин 33 камераи назоратӣ гузоштаанд.
Ҳоло дар ин бозор 672 растаи фурӯши меваю сабзавот, 12 растаи нон, 32 растаи яклухтфурӯшӣ сабзавот мавҷуд аст. Ҳарчанд дар ҳудуди бозор 152 адад дӯконҳои савдо фаъолият мебаранд, онҳо дар баланси бозор нестанд. Дар бозор 341 тадбиркори тарзи яккаву ҳуқуқӣ фаъолият доранд.
Маъмурияти бозор ба яке аз самтҳои асосии сиёсати давлатамон ҳимояи иҷтимоии оилаҳои камбизоат эътибори ҷудогона зоҳир кардааст. Агар одамони нодор мабодо меваю сабзавоти замини худро ба бозор оранд, растаи алоҳида мавҷуд аст. Аз ин гуна шахсон барои истифодаи растаи бозор маблағ ситонида намешавад. Вале мо растаҳои холиро дида, фаҳмидем, ки аз имконият касе истифода намебарад ва ё корҳои фаҳмондадиҳӣ дуруст ба роҳ монда нашудааст.
Ба роҳ мондани идораи автоматикунонидашуда омили инсонро бекор карда, фурӯшандаҳо имкон доранд, ки маблағи арендаро ба воситаи QR-код пардозанд. Ин система дар истгоҳи автомобилҳои бозор ҳам роҳандозӣ карда шудааст.
— Рақамигардонии фаъолияти бозор ба мо имкон медиҳад, аз ҷои нишастамон тамоми бозорро назорат карда, бемалол дониста гирем, ки чанд раста пур аст, аз растаҳои холӣ кадом соҳибкор ба кор набаромадааст, — гуфт ҷонишини раиси бозор Озод Бозоров. — Дар истгоҳи автомобилҳо, ки 10 ҳазор метри мураббаъро ташкил мекунад, низ ин система амал мекунад ва дар он се видеокамера гузошта шудааст. Ба туфайли ба тарзи технологияи нав ба роҳ мондани фаъолияти автоистгоҳ пештар дар як шабонарӯз 500–600 ҳазор сӯм даромад шуда бошад, ҳоло ин маблағ ба 3,5–4 миллион сӯм мерасад.
Мо дар бозор бо сокини шаҳраки Ҷумъа фурӯшанда Ҳайит Реҷебмуродов (соҳиби маълумоти олӣ, мутахассиси соҳаи обёрӣ) вохӯрдем.
— Баъди ба нафақа баромадан 5–6 сол боз ба бозор мебароям. Дар оила мо чор нафарем, 7 нафар набера дорам. Дар бозор аз ҳар куҷо картошка, пиёз, лаблабу, қаланфур, помидору бодринг ва ғайра оварда мефурӯшам. Дар ҳавлӣ ҳам тахминан 12 хол замин дорем. Дар он ҳар гуна сабзавот кишт мекунем. Аз рӯзгор барзиёдашро ба бозор бароварда мефурӯшам. Дар бозор ҳам барои фурӯшандаҳо ва ҳам барои харидорон шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шудаанд, ки барои ин аз роҳбарон миннатдорем. Ба тозагиву озодагӣ ҳам эътибори калон дода мешавад.

Б.ҶУМЪАЕВ