NASA тасмим гирифт, ки истгоҳи автоматии Psyche, ки ба астероиди 16 Psyche меравад, ба хатти захиравии сӯзишворӣ (ксенон)-и муҳаррикҳо гузарад, хабар медиҳад SpaceNews.
Ҳадафҳои миссия аз омӯзиши астероиди металлии 16 Psyche иборатанд, ки сохтораш ба ядрои сайёраи Миррих шабоҳат дорад.
Интизор меравад, ки дастгоҳ соли 2029 ба мадори атрофи астероид, ки диаметраш аз 250 километр зиёд аст, ворид шавад.
Ин истгоҳ тақрибан 21 моҳ дар наздикии 16 Psyche боқӣ мемонад ва дар ин муддат омӯзиши майдонҳои магнитӣ ва ҷозибаи астероид, инчунин омӯзиши таркиби кимиёвӣ ва хусусиятҳои сохтории он дар назар аст.
