Ovozi.uz

Дурнамои нави хамкорӣ

Иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилояти Самарқанд Адиз Бобоев бо витсе-президенти Иттиҳоядияи миллии кишварҳои хориҷӣ ва дӯстии Хитой Тзян Тзян мулоқот кард. Зимни суҳбат ҷонибҳо ба рушди босуръати ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ, ки омили муҳими пешрафти ҳар ду кишвар мебошад, таъкид намуданд.

Роҳбари вилоят Адиз Бобоев ба афзоиши гардиши савдо байни Ӯзбекистон ва Чин дар солҳои охир таваҷҷуҳ кард. Вай татбиқи бомуваффақияти лоиҳаҳои муштаракро, ки бо иштироки фаъолонаи сармоягузории Чин дар соҳаҳои калидии саноат, аз қабили саноати кимиё, мошинсозӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмон ва кишоварзӣ амалӣ мегарданд, қайд намуд. Ҳокими вилоят омодагии худро барои густариши ҳамкориҳо дар самти коркард ва содироти маҳсулоти барқӣ, масолеҳи сохтмонӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ қайд намуда, боз ҳам зиёд кардани имкониятҳои минбаъдаро таъкид кард.

Питсе-президенти Иттиҳоядия Тзян Тзян, дар навбати худ, аҳамияти стратегии муносибатҳои Ӯзбекистону Чинро на танҳо барои ду кишвар, балки барои тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ қайд кард. Ӯ гуфт, ки ҷорӣ шудани низоми бидуни раводид барои шаҳрвандони Ӯзбекистон ва Чин, ки аз 1-уми июни соли ҷорӣ эътибор пайдо кардааст, барои фаъолсозии ҳамкориҳои мутақобила шароити мусоид фароҳам хоҳад кард.

— Мо барои ҳамкорӣ бо Самарқанд ҳамеша омодаем. Дар соҳаву шабакаҳое, ки ҳокими вилоят номбар намуданд, барои тайёр кардани лоиҳаҳои нав харитаи роҳро тарҳрезӣ намуда, ба амалӣ гардонидани он иштирок менамоем, — гуфт витсе-президенти Иттиҳоядияи миллии кишварҳои хориҷӣ ва дӯстии Хитой Тзян Тзян.