Бигрез, эй мири аҷал, аз нанги мо, аз нанги мо,
Зеро, намедонӣ шудан ҳамранги мо, ҳамранги мо!
Мавлоно
Шарҳи вожаҳо:
Аҷал — дар ду маъно истифода шавад: 1. Бидуни ташдиди «лом», яъне «аҷал» — интиҳои ҳар чизе, марг; 2) бо ташдиди «лом», яъне аҷалл — ҷалилтар, бузургвортар («Фарҳанги Муъин»). Аксари шореҳони ғазали мазкур ба маънии дувуми калима эътибор надодаанд, дар асл бошад, ҳамин маънои дувум ин ҷо мувофиқ меояд, зеро асосан шахсони дунёдӯстдор ва ҷоҳпараст аз шаъну эътибор ва обрӯи худ меандешанд.
Мири аҷал — амири ҷалилулқадр, бузургвор. Мавлоно ин вожаро дар байт ба танз ва ночиз гирифтани шаъни дӯстдорону шефтагони қудрат ва маснади дунё ба кор бурдааст.
Нанг — киноя аз ворастагӣ ва покбохтагии инсонҳои шариф ва волост, ки ба матоъ ва маснади нопойдори дунявӣ ҳеҷ эътиное надоранд. Ҳамон матоъе, ки фурӯмоягони дунёпараст бар сари он талошу низоъ доранд ва онро аз дасти якдигар ба яғмо мебаранд.
Намедонӣ шудан — наметавонӣ бишавӣ, наметавонӣ шудан.
Зермаънои байт:
Эй оне, ки дар банду фикри шӯҳрат ва бо сарвату ҷоҳ, ё дигар афзалиятҳои беарзиши худ хостори таърифу тавсиф ва ангуштнамои мардум гаштан будаӣ. Мо риндони хароботӣ ҳастем, аз мо худро дур бигир, зеро ки мо, ошиқон, ҳар балову мусибатро «хуш омадӣ» гӯён, пешвоз мегирем. Аз ин рӯ, ҳаргиз наметавонӣ, ҳамранги мо шавӣ. Мо ононем, ки аз баҳри ҳама чиз баромадаем ва парвои селобу офатҳо надорем. Яъне, дар роҳи ишқ аз баҳри ҳама чизу дороиямон гузаштаем ва аз сари ҳама вобастагиҳои дунявӣ бархостаем. Ҷоми ҳастии фиребанда ва бардурӯғро, шикваи олимона ва ҳайбату салобати фақеҳонаи худро ба санги ишқ ва мастӣ шикастаем. Агар ту низ аҳли ин балоҳо ҳастӣ, марҳабо, вагарна зудтар аз мо фирор кун.
Фозил ШУКУРӢ
