Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 10‑уми июн аз бозии дастаи миллии Ӯзбекистон оид ба футбол дар варзишгоҳи «Бунёдкор» боздид намуд.
Бозии охирини марҳилаи интихоботии Ҷоми ҷаҳон барои футболи Ӯзбекистон ҷашни ҳақиқӣ гардид. Аммо футболбозонамон роҳхатро ба Ҷоми ҷаҳон пеш аз мӯҳлат ба даст оварда буданд: бори аввал дар таърих дастаи миллии Ӯзбекистон дар Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол ширкат хоҳад кард!
Орзуе, ки солҳои зиёд миллионҳо мухлисон мепарвариданд, ба воқеият табдил ёфт. То ҳанӯз дастаи миллӣ ҳафт бор дар мусобиқаҳои марҳилаи интихоботӣ иштирок намуда, аммо ҳар дафъа — гоҳ тақвим номуносиб мебуд, гоҳ тафовути голҳо ва гоҳ каме истеъдод намерасид.
5‑уми июн дар бозӣ бо АМА ҳисоби мусовӣ ба қайд гирифта шуд. Дар ниҳояти давраи нӯҳум дастаи мунтахабамон соҳиби 18 хол гардида, пеш аз муҳлат иштироки худро дар Ҷоми ҷаҳон таъмин намуд.
Президент Шавкат Мирзиёев дар табрики худ таъкид кард, ки футболбозонамон мардонагӣ ва пойдории ҳақиқӣ зоҳир намуда, орзуи мардуми Ӯзбекистонро ҷомаи амал пӯшонданд.
— Бовар дорам, ки ин ғалабаи таърихӣ халқамонро дар роҳи мақсадҳои нек боз ҳам муттаҳидтар намуда, барои ҳазорон ҷавононамон манбаи илҳом ва намуна гардида, барои минбаъд мустаҳкам гардидани обрӯи байналхалқии Ӯзбекистони Нав хидмат хоҳад кард, — таъкид кард роҳбари давлат.
Воқеан, ин ғалабаи таърихӣ тамоми мамлакатро муттаҳид ва хушнуд намуд. Бозии охирини марҳалаи интихоботӣ — бозии байни Ӯзбекистон ва Қатар ба ҷашни ҳақиқӣ табдил ёфт.
Дар назди мухлисони содиқи худ дастаи мунтахаби Ӯзбекистон бартарии пурра зоҳир намуда, бо ҳисоби 3:0 пирӯз гардид.
Пас аз бозӣ, маросими тантанавии мукофотсупорӣ баргузор шуд. Роҳбари давлат ба варзишгарон нишонҳои сарисинагии унвонҳои фахрӣ, орден ва медалҳоро супурд. Ғайр аз ин, ба бозигарон ва мутахассисон автомобилҳои тамғаи BYD туҳфа гардид.
Бозии мазкур ва чорабиниҳои ҷоизасупорӣ дар амфитеатри «Мӯъҷиза»-и шаҳри Самарқанд намоиш дода шуданд. Зиёда аз 4 ҳазор ҳаводорони футболи Самарқанд онро мустақиман тамошо намуданд. Иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилоят Адиз Бобоев низ дар чорабинӣ иштирок карда, ҳамаро бо роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон табрик гуфт.
— Ба Ҷоми ҷаҳон роҳ ёфтани дастаи миллии мунтахаби Ӯзбекистон натиҷаи сиёсати роҷеъ ба футболи мӯҳтарам Президенти кишварамон ба ҳисоб меравад, — гуфт А.Бобоев. — Дар бозии охирини интихоботӣ ҳам ҳамаи футболбозони мо маҳорати худро нишон дода тавонистанд. Боварӣ дорам, ки дастаи миллии мо дар Ҷоми ҷаҳон ҳам бозиҳои марғубу ҷаззоб нишон дода, ба пирӯзиҳои бузург ноил мешаванд. Ба футболбозонамон омаду зафарҳо ёр ва ба ҳамаи ҳамватанонамон шодиву сурури имрӯза муборак бод мегӯям.
Ҷашни футбол бо тамошои дрон ва мушакпарронӣ ба анҷом расид.
Ҳ.СОДИҚОВ.
