Имрӯз ҳайате бо роҳбарии губернатори вилояти Ломбардияи Италия Аттилио Фонтана ба Самарқанд ташриф овард.
Меҳмононро дар истгоҳи роҳи оҳани Самарқанд роҳбари вилоят Адиз Бобоев пешвоз гирифт.
Тибқи барномаи сафар имрӯз Аттилио Фонтана бо роҳбари вилоят мулоқот карда, дурнамои ҳамкориҳои ду минтақаро баррасӣ мекунад.
Анҷумани тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангӣ ва сайёҳии Самарқанд-Ломбардия низ баргузор мешавад.
Меҳмонон дар Самарқанд ҷойҳои қадима ва зиёратгоҳҳоро тамошо мекунанд.
