Рӯзҳои 17–19-уми июн дар шаҳри Самарқанд бо ташаббуси Вазорати таълими томактабӣ ва мактабии Ҷумҳурии Ӯзбекистон марҳилаи ҷумҳуриявии озмунҳои «Театри мактабии «Турон” ва «Ансамбли мактабии “Иқтидор” баргузор мегардад.
Рӯзи 17-уми июн иштирокчиёни ин озмунҳо аз тамоми минтақаҳои кишварамон ба Самарқанд омада, аз ҷониби ташкилотчиён ва мизбонон ба таври сазовор истиқбол гирифта шуданд.
Дар майдони Регистон маросими ботантанаи ифтитоҳи озмунҳо баргузор гардид. Намояндагони Вазорати таълими томактабӣ ва мактабӣ, ҳамчунин ҳокимияти вилояти Самарқанд ба хонандагон барори кор орзу карда, таъкид намуданд, ки чунин чорабиниҳои фарҳангӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ дар ғанӣ гардондани таътили тобистонаи кӯдакон нақши муҳим доранд.
Пас аз он, дар майдон ва деворҳои Регистон барномаи фарҳангӣ ва шоуи 3D намоиш дода шуд.
Рӯзи 18-уми июн дар Театри драмаи мусиқии вилоятии Самарқанд марҳилаи ҷумҳуриявии озмуни “Театри мактабии «Турон” баргузор гардид.
Нахуст, 14 дастае, ки ба марҳилаи ҷумҳуриявии озмун роҳ ёфтаанд, муаррифӣ шуданд. Бино бар низомномаи озмун, дастаҳо дар ду шарт — “Мактаби мо” ва “Театр — ибратгоҳ” бо ҳам рақобат карданд. Навбати баромади гурӯҳҳо тавассути қуръакашӣ муайян карда шуд.
Қайд кардан бамаврид аст, ки дар марҳилаи ҷумҳуриявии озмуни “Театри мактабии «Турон” ҳунармандони шинохтаи санъати мо, аз ҷумла Баҳодур Нишонов, Зӯҳро Ашӯрова, Шоҳида Исмоилова, Лола Элтоева ва Барор Ҳасанов ҳайати ҳакамонро ташкил намуданд.
— Дар саҳна шиносбозӣ роҳ надорад, — гуфт Ҳунарпешаи халқии Ӯзбекистон Зӯҳро Ашӯрова. — Чӣ тавре устодон гуфтаанд, саҳна макони муқаддас аст. Ба он хиёнат намекунанд. Бо дарназардошти он, ки иштирокчиён хонандагони мактаб буданд, мо онҳоро мувофиқи истеъдодашон баҳогузорӣ кардем.
Дар шарти “Мактаби мо” дастаҳо дастовардҳои мактаби худро намоиш дода, ба панҷ савол ҷавоб доданд. Дар шарти “Театр — ибратгоҳ” бошад, порчае аз як асари саҳнавиро иҷро намуданд.
Озмуни «Ансамбли мактабии “Иқтидор” бошад, имрӯз гузаронида мешавад ва маросими қадрдонии ғолибони ҳар ду озмун дар маҷмааи Маркази байналмилалии сайёҳии “Шаҳри абадӣ” баргузор хоҳад шуд.
