Рушди босуръати содироти маҳсулоти кишоварзии Ӯзбекистон омили муҳими рушди устувори иқтисоди кишвар мебошад. Ба ин муносибат дар пресс-туре, ки аз ҷониби Садорати карантин ва ҳифзи растаниҳои вилоят ташкил карда шуд, ба масъалаи зиёд намудани ҳаҷми содирот тавассути таъмини бехатарии фитосанитарии маҳсулот таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Дар чорабинӣ ба намояндагони ВАО оид ба аҳамияти назорати фитосанитарӣ, таъсири он ба содирот ва тадбирҳои амалӣ дар ин самт маълумоти васеъ пешкаш карда шуд.
Иштирокдорони пресс-тур нахуст аз корхонаи муштараки «Samarqand Garden Plast» дидан карданд. Корхонаи мазкур, ки меваҳои хушк ва маҳсулотҳои кишоварзӣ, аз ҷумла гелос, шафтолу, қаламфури булғорӣ, брокколи ва гулкарамро дубора коркард ва сипас экспорт мекунад, дар ноҳияи Булунғур ҷойгир аст. Маҳсулотҳои дубора коркардшуда ба Русия, Хитой, АМА, Кореяи Ҷанубӣ барин давлатҳо экспорт карда мешаванд.
— Корхонаи мо соли 2018 ташкил ёфтааст, — гуфт роҳбари бахши истеҳсолоти корхона Фарҳод Қушқоров. — Дар ин ҷо 25 навъи маҳсулотро дубора коркард менамоем. Ҳаҷми солонаи истеҳсолоти корхона 25 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Аз Аврупо технологияҳои муосирро овардаем ва дар оянда ба 35 ҳазор тонна расонидани ҳаҷми истеҳсолотро нақша намудаем. Ҳоло дар худи корхона 550 нафар ва дар 1,5 ҳазор гектари боғҳои он 2 ҳазор нафар кор мекунанд. Аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсолот, дар соли оянда боз 250 ҷои кори дигар ташкил хоҳем кард.
Таъкид гардид, ки кормандони корхона барои босифат бурда расонидани маҳсулотҳо онҳоро дар ҳарорати -25 дараҷа сардӣ нигоҳ медоштаанд ва дар ҳоли яхкардашуда дастраси харидор менамудаанд.
Манзили навбатии иштирокдорони пресс-тур корхонаи «Samrin Treyd»-и ноҳияи Самарқанд шуд.
Корхонаи «Samrin Treyd», ки соли 2003 ташкил ёфтааст, бо истеҳсоли меваи хушк фаъолият дорад. Раванди истеҳсоли 8 марҳилаи он ба истифодаи технологияҳои муосир — шустани дукарата, тозакунии лазерӣ, рентген ва детекторҳои металлӣ асос ёфтааст. Ин сифати маҳсулотро мувофиқи стандартҳои Иттиҳоди Аврупо ва бехатарии онҳоро таъмин мекунад. Корхона бо ҳаҷми солонаи истеҳсоли зиёда аз 4 ҳазор тонна маҳсулоташро ба Ҳолланд, Фаронса, Англия, Туркия ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил содир мекунад. Ҳаҷми истеҳсолоти солонаи он зиёда аз 4000 тоннаро ташкил медиҳад.
— Корхонаи мо бо коркарди дубора ва содироти меваҳои хушк, хусусан якчанд навъи мавиз, зардору ва олуи хушк, чормағзи юнонӣ ва ғайраҳо ихтисосонида шудааст, — гуфт менеҷери корхона Умед Дилмуродов. — Ҳаҷми содироти корхона дар соли 2024 аз 3 миллион доллари ИМА гузашта бошад, имсол дар худи шаш моҳи сипаришуда ба 3 миллиону 300 ҳазор доллари ИМА расид ва ин нишондод то охири сол аз 6 миллион доллар хоҳад гузашт. Барои ноил шудан ба ин, мо дар самти пайдо намудани ҳамкорон ва бозорҳои нав корҳо пеш мебарем. Аз ҷумла, бо давлатҳои араб ҳам ба роҳ мондани ҳамкориҳоро нақша намудаем.
Дар охири пресс-тур ба иштирокдорон дар бораи теъдоди умумии ин гуна корхонаҳои вилоят, талаботи бозори ҷаҳонӣ ба ин гуна маҳсулотҳо, рейтинги Самарқанд дар ҷадвали коркарди дубораи меваҳои хушк дар Ӯзбекистон ва ғайраҳо маълумот дода шуд.
Ҳ.Содиқов
