Ovozi.uz

Асрори дарозумрӣ

— Умри одаме, ки ҳар рӯз дар ҳавои кушод ним соат сайр мекунад, ба ҳисоби миёна 1,6 сол зиёд мешавад.

— Касоне, ки ҳар рӯз ним соат машғули меҳнати ҷисмонӣ мешаванд, умрашон 1,7 сол дароз мегардад.

— Шахсе, ки ҳар рӯз як дона помидор хӯрад, ба умраш 1,4 сол илова менамояд. Агар мардҳо ҳар рӯз помидор хӯранд, 19 сол ҷавон мешаванд.

— Моҳиро хоҳ бирён, хоҳ дампухт ё буғпаз карда хӯрад, фоида дорад. Пайваста хӯрдани моҳӣ ба умратон 3 сол илова мекунад.

— Бароҳат хобидан (барои занҳо 7 соат ва барои мардон 8 соат) имкони 3 сол бештар зиндагӣ намуданро фароҳам меорад.

— Вазни бадан мувофиқи меъёр бошад, ба умр боз 6 сол зам мешавад.