Ovozi.uz

Вохӯрӣ бо намояндагони Форуми ҷаҳонии сайёҳӣ

Иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилоят Адиз Бобоев бо намояндагони Форуми глобалии сайёҳӣ (ФГС) вохӯрд.

ФГС — ташкилоте, ки пешсафҳои глобалии соҳаҳои сайёҳӣ, ҳукуматӣ, инвеститсияҳо ва инноватсияро муттаҳид ва чорабиниҳои байналмилалиро ташкил мекунад.

Форуми глобалии сайёҳӣ ҳар сол дар Брюссел ҷамъомади асосии солонаро мегузаронад, ки дар он роҳбарони давлатҳо, вазирони сайёҳӣ, сардиректорҳо ва сармоягузорони ҷаҳонӣ иштирок мекунанд.

ФГС мамлакатҳоро ба рушди сайёҳӣ, барқарории иқтисодӣ, бевосита ҷалб намудани сармоягузориҳои хориҷӣ ва пешрафти самтҳои дигар тарғиб ва ресурсҳои инсониро дастгирӣ мекунад.

ФГС бо рушди туризм иқтисодиётро тағйир медиҳад. Яке аз мақсадҳои асосии он, дар дунё ба таври максималӣ зиёд намудани таъсири мусбати сайёҳӣ ва ба миқдори минималӣ расондани таъсири манфии монеъаҳо, ки дар ин самт вомехӯранд, мебошад.

Соли гузашта чунин форум дар вилояти Фарғона баргузор шуд. Вакилони Форуми глобалии сайёҳӣ мувофиқи барномаи имсола, чунин форумро дар шаҳри кӯҳани Самарқанд гузаронидан мехоҳанд.

Ҳангоми мулоқот дар бораи масъалаҳое чун ҳайати иштирокчиёни форум, мавзӯъҳое, ки дар он баррасӣ мегарданд, сухан гуфта шуд.

Роҳбари вилоят ба нуфуз ва фаъолияти ташкилот баҳои баланд дода, таъкид кард, ки форуми дар Самарқанд пешбинӣ шуда, барои боз ҳам зиёд шудани салоҳияти сайёҳии вилоятамон, умуман диёрамон аҳамияти муҳим дорад.

Хидмати ахбори ҳокимияти вилоят.