Ovozi.uz

Оё вазифаи корманди иҷтимоӣ душвор аст?

Солҳои охир дар кишварамон ислоҳоте, ки дар соҳаи ҳимояи иҷтимоӣ амалӣ мегарданд, бар пояи усулҳои инсонпарварӣ роҳандозӣ мешаванд.

Дар иҷрои самараноки ин вазифаҳо нақши корманди иҷтимоӣ бузург аст.

Корманди иҷтимоӣ – мутахассисест, ки чун пули боваринок байни давлат ва ҷомеа хидмат мекунад, ба сокинон дар рафъи шароити душвори зиндагӣ кумак мерасонад, раванди хидматрасониҳои иҷтимоиро ташкил ва ҳамоҳанг месозад.

Барои дар мақоми корманди иҷтимоӣ фаъолият намудан, риояи талаботи муайяни тахассусӣ зарур аст.

Имрӯз беш аз 9 ҳазор кормандони иҷтимоӣ дар маҳаллаҳо фаъолият мебаранд ва ниёзҳои аҳолиро меомӯзанд, мушкилотро муайян месозанд ва кумаки мақсаднок мерасонанд. Онҳо бо қишрҳои ниёзманди ҷомеа бевосита дар тамос шуда, миссияи хидмати давлатӣ ва инсонпарвариро иҷро мекунанд.

Ба корманди иҷтимоӣ чӣ гуна талабот гузошта мешавад?

Талабот ба вазифаи корманди иҷтимоӣ:

— таҳсилоти олӣ ё миёнаи махсус дар соҳаҳои дахлдор;

— таҷрибаи на камтар аз як сол корӣ;

— маҳорати суханварӣ ва корбарии озод бо забони давлатӣ;

— маҳорати мулоқот ва корбарӣ бо инсон ва ғайра муайян гардидааст.

Барои корманди иҷтимоӣ агарчи ҷавобгӯ будан ба талаботи тахассусӣ муҳим аст, аммо худи ин шартҳо кифоя нестанд.

Ин касб на танҳо дониш ва ҳуҷҷатҳо, балки инсондӯстӣ, фарохдилӣ ва масъулияти баландро талаб мекунад.

Корманди иҷтимоӣ бо нафароне тамос мегирад, ки дар остонаи мушкилоти сахти зиндагӣ қарор доранд, дарди онҳоро мешунавад, мефаҳмад ва барои ҳалли онҳо кӯмаки амалӣ мерасонад.

Ин бошад хусусиятҳое чун устуворӣ, сабру таҳаммул, омодагӣ ба ёрӣ ва муносибати боэътимодро талаб мекунад.

Паси ҳар як муроҷиат як ҳикояи печидаи ҳаёт ва эҳсоси нозуки инсонӣ пинҳон аст. Аз ин рӯ, корманди иҷтимоӣ на танҳо хидматрасон, балки шахсе бояд бошад, ки метавонад дар зиндагии одамон тағйироти мусбат ворид кунад ва муҳимаш, эътимодро соҳиб шуда тавонад.

Суръати даъвогарӣ барои мақоми корманди иҷтимоӣ чӣ гуна аст?

Гарчанде ки вазифаи корманди иҷтимоӣ дар кишварамон ҳанӯз кӯдак аст, аммо таваҷҷуҳ ва боварӣ ба он сол то сол меафзояд. Дар баъзе минтақаҳо ба як ҷойи холӣ то 100 нафар номзад ҳуҷҷат супоридаанд.

Чунин рақамҳо бозгӯи омодагии дохилӣ ва эҳсоси масъулияти шаҳрвандонамон ба адолати иҷтимоӣ, дароз кардани дасти ёрӣ ба ниёзмандон мебошад.

Афзудани миқдори шаҳрвандонамон барои ба ҷамъият расонидани манфиат тавассути хидматҳои иҷтимоӣ — нишонаи дурахшон будани ояндаи ин соҳа аст.

Оё низоми интихоб шаффоф мебошад?

Барои корманди иҷтимоӣ шудан, номзадҳо бояд тавассути платформаи электронии «vacancy.argos.uz» дар озмуни ошкор ва шаффоф иштирок намоянд.

Марҳалаи аввали озмун — санҷиши тестии онлайн мебошад. Тавассути тест донишҳои касбӣ, асосҳои ҳуқуқӣ ва ахлоқии номзадҳо баҳогузорӣ мешаванд. Онҳое, ки дар тест ба натиҷаи бомуваффақият соҳиб шудаанд, ба марҳалаи дуюм — сӯҳбати инфиродӣ бо комиссия даъват карда мешаванд.

Ҳадафи асосии озмун — мутахассисони воқеан шоиста, соҳибдониш ва дорои фазилатҳои баланди инсониро аниқ карда, ба низоми ҳимояи иҷтимоӣ ҷалб намудан мебошад.

Ба ин тартиб, корманди иҷтимоӣ на танҳо тавассути диплом, балки дар озмуни ошкор бо исботи салоҳияти худ ба вазифа таъин мегардад.

Мувофиқи таҷрибаи байналхалқӣ, хусусан дар кишварҳое чун Олмон, Финляндия ва Канада институтҳои кори иҷтимоӣ ба яке аз механизмҳои асосии кор бо аҳолӣ табдил ёфтаанд. Дар Ӯзбекистон низ ин таҷриба тадриҷан роҳандозӣ шуда истодааст.

Кормандони иҷтимоӣ на танҳо хидматчиёни техникӣ, балки шахсоне ҳастанд, ки хидмати касбии иҷтимоӣ ва кумакҳо мерасонанд, ба инсонҳо ҳамдардӣ ва масъулиятро ифода мекунанд.

Хулоса, корманди иҷтимоӣ — шахси асосие мебошад, ки бевосита аҳолиро ба мулоқот даъват ва дар маҳалла сиёсати иҷтимоии давлатро амалӣ мекунад. Савияи касбӣ ва ахлоқии ӯ, дониш ва малакаҳояш бевосита ба самаранокии низоми ҳимояи иҷтимоӣ таъсир мерасонад. Аз ин рӯ, нисбат ба фаъолияти кормандони иҷтимоӣ бо пухтагӣ ва масъулияти ҷиддӣ муносибат намудан талаб карда мешавад.

Фарид НАЗАРОВ,

корманди Садорати рушди захираҳои инсонӣ ва методологияи кори иҷтимоии Агентии миллии ҳимояи иҷтимоӣ