Ovozi.uz

Киберҷиноят: дуздони замонавӣ бештар аз кадом усул истифода менамоянд?

Дар Самарқанд «Ҳафтаи тарғиботӣ-ташвиқотӣ оид ба пешгирии ҷиноятҳое, ки дар кибермакон содир мегарданд» (Cyber Week) гузаронида мешавад. Зимни ҳафтаинаи мазкур дар бинои Донишгоҳи сайёҳӣ ва мероси мадании «Роҳи абрешим» бо иштироки намояндагони ҳокимияти вилоят, Бонки марказӣ, Садорати корҳои дохилӣ, Ҷамъияти саҳҳомии «Узкард» ва роҳбарони ташкилоту корхонаҳо чорабинии тарғиботӣ баргузор шуд.

Дар он зикр гардид, ки муроҷиатҳои аҳолӣ ва ҳолатҳои дуздӣ ва фиребгарӣ ба воситаи кортҳои бонкӣ рӯз аз рӯз зиёд мегардад. Хусусан, дар кишварамон дар панҷ соли охир теъдоди ҷиноятҳои киберӣ 68 баробар, дар худи соли гузашта бошад, нисбат ба соли 2023 9,1 баробар афзудааст. Дар ин давр теъдоди муроҷиатҳои шахсони ҷисмонӣ ва юридикӣ аз рӯи ҷиноятҳои макони киберӣ ба 34 баробар зиёд шудааст.

Дар натиҷаи ҷиноятҳои мазкур зиёда аз 1 триллиону 909 миллиард сӯм маблағи шаҳрвандон рабуда шудааст.

— 60 дарсади ҷиноятҳои киберӣ ба воситаи ирсол намудани пайванд ва дастурҳои интернетии зарарнок ва ба ин восита ба даст овардани идораи корти бонкӣ ё дастгоҳи мобилӣ содир карда мешаванд, — гуфт ходими масъули маркази кибербехатарии Вазорати корҳои дохилӣ Мақсудҷон Мирабдуллаев. — Масалан, ба телефони шумо файле меояд ва аз шумо дархост карда мешавад, ки онро кушоед. Вақте ки онро мекушоед, ҷинояткорон ба таври автоматикӣ ҳуқуқи назорати корти шуморо ба даст меоранд. 16 дарсади ҷиноятҳо бошад, ба тарзи ба даст овардани коде, ки идораи аккаунтҳои интернетӣ ва кортҳои бонкиро тасдиқ менамояд, содир мегарданд. Инчунин, ҳоло навъи дигари киберҷиноят авҷ гирифтааст. Яъне ба шумо аз номи ягон шахси наздикатон занг мезананд ва мегӯянд, ки ба садама дучор шудааст ё ӯро ҷинояткорон дастгир кардаанд. Аз ин рӯ, бояд ба ӯ пул ирсол намоед. Ҷинояткорони киберӣ он қадар аз технологияҳои замонавӣ моҳирона истифода менамоянд, ки овоз ва ҳатто акси он шахси ба шумо шиносро айнан тақлид мекунанд ва агар ба дурӯғи онҳо бовар кунед, пули шуморо бо ин роҳи фиреб мерабоянд.

Ҳ.Содиқов