Ovozi.uz

Нахустин парвози хатсайри ҳавопаймоии Самарқанд — Душанбе — Самарқанд

Имрӯз, 20-уми июл дар Фурудгоҳи байналмилалии Самарқанд нахустин парвози мустақим аз Душанбе ба Самарқанд пешвоз гирифта шуд. Дар маросими ифтитоҳи хатсайри мазкур Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода, ҷонишини ҳокими вилояти Самарқанд Рустам Қобилов, директори тиҷоратии ширкати ҳавопаймоии Air Marakanda Дмитрий Мартиненко, сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии «Овози Самарқанд» Баҳодур Раҳмонов ва раиси Маркази миллӣ-мадании тоҷик ва тоҷикзабонони Самарқанд Шуҳрат Самадов  иштирок намуданд.

— Ташкил намудани хатсайри мазкур ду сол тарҳрезӣ шуд ва имрӯз натиҷаи онро дидан мумкин аст, — гуфт Д.Мартиненко. — Парвозҳо ҳафтае ду маротиба: рӯзҳои панҷшанбе ва якшанбе ба роҳ монда шуда, шаҳрвандони ҳар ду кишвар тавассути онҳо дар як соат ба Душанбе рафтан ва боз дар муддати як соат ба Самарқанд баргашта метавонанд. Нархи чиптаҳо низ барои рафту омад мувофиқ мебошад.

Бояд таъкид намуд, ки ширкати ҳавопаймоии «Centrum Air»-и Ӯзбекистон парвозҳои мустақимро дар хатсайри Тошканд—Душанбе—Тошканд низ ба роҳ мондааст. Парвозҳо дар асоси Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба алоқаи ҳавоӣ, ки 9-уми марти соли 2018 ба имзо расонида шудааст, ба роҳ монда мешавад.

— Ба роҳ монда шудани парвозҳо дар масири Тошканд—Душанбе—Тошканд ва Самарқанд—Душанбе—Самарқанд барои боз ҳам мустаҳкам намудани дӯстии халқҳои ба ҳам бародар, инчунин, рушди сайёҳии ҳар ду ҷониб саҳми арзанда мегузорад. Ҳама меҳмонони хориҷӣ ҳангоми аз шаҳрҳои Тоҷикистон дидан кардан, ба шаҳрҳои таърихии Самарқанду Бухорову Хоразму Хива омаданро мехоҳанд. То ҳол барои амалӣ гардонидани ин хоҳиши сайёҳон имконият вуҷуд надошт. Ҳоло мо гувоҳи як воқеаи таърихӣ мегардем, — гуфт Абдуҷаббор Раҳмонзода.

Пас аз ба нишасти ҳавопаймо ба фурудгоҳи байналмилалии Самарқанд меҳмонон дар зери садои карнаю сурнай истиқбол гирифта шуданд.

Шаҳзод Кенҷаев