Ovozi.uz

Донишҷӯе, ки барои нобиноён телефон ихтироъ кард

Маҳбуба Салимова телефонеро ихтироъ кардааст, ки бо алифбои Брайл кор мекунад ва нобиноён метавонанд аз он истифода баранд.

Инсонҳое, ки табиатан ҷӯё ва эҷодкор ҳастанд, пеш аз ҳама, соҳаи ихтисосии худро амиқ меомӯзанд, вазъи воқеиро таҳлилу тадқиқ мекунанд ва ҳамеша дар мавриди ҳалли мушкилоти мавҷуда меандешанд. Маҳбуба Салимова низ аз ҷумлаи чунин ҷавонони заковатманду боистеъдод мебошад, ки пайваста аз пайи омӯзиш аст ва яке аз бахшҳои муҳими замони имрӯза – соҳаи технологияи ахборро интихоб намудааст.

Маҳбуба ҳоло дар шуъбаи магистратураи Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов таҳсил мегирад. Ӯ тӯли солҳо таҳти роҳбарии устодони худ тадқиқот бурда, ниҳоят муваффақ гашт: телефонеро ихтироъ кард, ки бо алифбои Брайл кор мекунад ва нобиноён метавонанд аз он истифода баранд. Мутахассисон дар бораи ин ихтирои ихтироъкори ҷавон бар он назаранд, ки ин дастгоҳ комилан ба технологияи инноватсионӣ асос ёфта, барои корбарон ҳамаҷониба қулай мебошад.

Бояд гуфт, чанде пеш Маҳбуба дар асоси Фармони Президенти мамлакат, ки ба муносибати Рӯзи ҷавонон имзо шуд, бо медали «Келажак бунёдкори» сарфароз гардид.

– Ман аз эътирофу қадр гардидани меҳнати хоксоронаам, инчунин, аз эътибору ғамхории Президент нисбат ба ҷавонон хеле хурсандам, – иброз дошт М.Салимова. – Фикру мулоҳизоте, ки Сарвари давлат дар рафти мулоқот бо мо, ҷавонон дар бораи авлоди ҷӯяндаву ташаббускор гуфтанд, моро барои таҳқиқоти нав ба нав ҳавасманд намуд. Ба даст овардани медали «Келажак бунёдкори» низ бароям рӯҳи тоза ва эътимоди мустаҳкам бахшид, то дар рӯи лоиҳаҳои нави стартап бештару ҷиддитар кор кунам.

Мавсуф таъкид кард, ки бо маслиҳати бародар ва шавқмандӣ ба технологияҳои иттилоотӣ ин соҳаро интихоб кардааст. Замони донишҷӯӣ дар бисёр озмунҳои ин самт иштирок карда, ба дастовардҳои назаррас ноил шудааст. Инчунин, муаллифи зиёда аз 10 лоиҳаи стартап мебошад.

– Мақсади асосии ман офаридани лоиҳаҳое мебошад, ки барои ҳалли мушкилоти муайяни ҷомеа мусоидат кунанд, – афзуд М.Салимова. – Чанде пеш дастгоҳи «Braille phone»-ро ихтироъ кардам, ки барои нобиноён пешбинӣ шудааст. Ин дастгоҳ тавассути 6 дона тугма метавонад тамоми ҳарфу рақамҳои алифбои Брайлро ҳосил намояд. Бо он метавон паём навишт, занг зад ва дигар корҳоро анҷом дод. Ҳоло пеши худ мақсад гузоштаам, ки истеҳсоли «Braille Phone»-ро ба таври васеъ роҳандозӣ кунам ва онро бо тамғаи Ӯзбекистон дар бозори ҷаҳон ба фурӯш барорам.

Ба гуфтаи Маҳбуба, барои барномасоз шудан донишҳои мактаб ва донишгоҳ кифоя нестанд. Қобилияти аслӣ дар натиҷаи иштирок дар курсҳои иловагӣ, меҳнату омӯзиши пайваста рушд мекунад.

Ёдовар мекунем, ки Маҳбуба Салимова дар як қатор озмуну мусобиқаҳои сатҳи вилоятиву ҷумҳурӣ, аз ҷумла, озмуни ҷумҳуриявии «Ворисони Мирзо Улуғбек», озмуни эссе дар мавзӯи «Мо Ӯзбекистони Навро бо дастони худ месозем!», озмуни наворҳои кӯтоҳ таҳти мавзӯи «Шукргузорӣ – қадаме сӯи пешрафт» ҷойҳои ифтихориро ба даст овардааст. Инчунин, дар номинатсияи «Беҳтарин ихтироъ ва тарҳи фоиданок»-и озмуни «Бонуи ихтироъкор – 2022» ғолиб шудааст.

М. Салимова инчунин асосгузори клуби духтарони барномасоз дар вилояти Самарқанд мебошад.

Ф. ЙӮЛДОШЕВ