Ovozi.uz

Ҳайати вакилони вилоят дар Кореяи Ҷанубӣ

Ҳайати вакилони вилояти Самарқанд бо сарварии иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилоят Адиз Бобоев ба Кореяи Ҷанубӣ сафар намуд.

Сафари ҳайат бо вохӯрии иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилоят Адиз Бобоев ва раиси шаҳри Пусан Пак Хён Чун оғоз ёфт.

Дар мулоқот гуфта шуд, ки робитаҳои дӯстонаи ду кишвар торафт мустаҳкам мегарданд, инчунин дар тӯли 33 соли муносибатҳои дипломатӣ миёни кишварҳои мо ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорат, содироту воридот, сайёҳӣ ва сармоягузорӣ дар асоси тамоюлҳои бовариноки дуҷониба ва дӯстии амиқ пайваста инкишоф меёбад. Муносибатҳои байниминтақавии ду кишвар низ ба як самти муҳими ҳамкорӣ табдил ёфтаанд.

Роҳбари вилоят гуфт, ки вилояти Самарқанд бинобар мавқеи стратегии худ, яке аз марказҳои асосии логистикии Осиёи Марказӣ ба ҳисоб рафта, имкон дорад, ки тавассути хатсайрҳои асосии автомобилӣ ва роҳи оҳан молро зуд ва самаранок интиқол диҳад.

Бо дарназардошти иқтидори истифоданашудаи байни минтақаҳо, оид ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои электроника ва электротехника, рушди минбаъдаи бахши металлургияи Самарқанд, дорусозӣ ва биофармасевтика, таъсиси «Хонаи тиҷоратии Самарқанд» дар шаҳри Пусан, таҳкими системаи муҳоҷират ва идоракунии захираҳои меҳнатӣ байни корхонаҳои саноатӣ ва таъминоти доимии қувваи корӣ дар ду шаҳр пешниҳод карда шуд.

Дар навбати худ раиси шаҳри Пусан аз беҳбуди минбаъдаи муносибатҳои мутақобилан судманди минтақаҳо изҳори хушнудӣ намуда, омодагии худро барои ҳамкориҳои дуҷониба изҳор кард.

Дар идома ҳайати намояндагони вилоят ба корхонаи «BMT SUPERLOK»-и шаҳри Пусан, ки «фитинг» ва «клапан» истеҳсол мекунад, ташриф овард.

Корхона соли 1988 бо мақсади коркарди металл ташкил карда шудааст. Зимни муаррифии ширкат ба намояндагони ҳайати Самарқанд маълумот дода шуд, ки «BMT SUPERLOK» шарики боэътимод дар ҳалли масъалаҳои саноатӣ буда, омода аст бо истеҳсолкунандагон ва ширкатҳои муҳандисии кишварҳои гуногуни ҷаҳон ҳамкориҳо кунад.

А.Бобоев зиёд будани талаб ба таҷҳизоти корхонаро изҳор намуда, пешниҳод кард, ки дар натиҷаи иқдомоти мақсаднок дар вилояти Самарқанд низ корхонаи саноатӣ ифтитоҳ шаванд.

Роҳбарияти ширкати «BMT SUPERLOK» омодагии худро барои пешниҳоди маҳсулоти босифат ба муштариёни ӯзбекистонӣ изҳор дошт.

Сипас, мулоқот миёни Дабири кулли Созмони ҷаҳонии рушди сайёҳии шаҳрҳо — сафири бренди сайёҳии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Корея Канг Да-юн ва иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилоят А.Бобоев баргузор гардид.

Сарвари вилоят ба вазъи кунунӣ ва истиқболи ҳамкориҳо дар соҳаи сайёҳӣ миёни Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд. Ӯ қайд кард, ки мулоқот барои боз ҳам мустаҳкам шудани муносибатҳои дӯстонаи байни халқҳоямон хизмат мекунад.

Намояндагони Кореяи Ҷанубӣ ба ислоҳоти солҳои охир дар кишвари мо дар самти рушди соҳаи сайёҳӣ амалишуда баҳои баланд доданд. Канг Да-юн қайд кард, ки тӯли фаъолияти худ иқтидори бой ва нодири сайёҳии Ӯзбекистонро дар миқёси байналмилалӣ ба таври муассир тарғиб намуда, ба пешбурди фаъолонаи иқтидори сайёҳии Самарқанд дар бозори ҷаҳонӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир кардааст.

Дар рафти вохӯрӣ намояндагони ҳокимияти вилояти Самарқанд оид ба лоиҳа ва ташаббусҳое, ки дар ҳамкорӣ бо Созмони ҷаҳонии рушди сайёҳии шаҳрҳо амалӣ мешаванд, табодули афкор намуданд.

Роҳбари вилоят бо губернатори вилояти Чхунчхон-пукто Ким Ён Хван ва ҷонишини ӯ дар доираи танг мулоқот баргузор намуд.

Зимни он дар бораи таҳкими ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, фарҳангиву гуманитарӣ миёни Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Кореяи Ҷанубӣ ва имконоти нав табодули афкор намуданд. Махсусан зикр гардид, ки ҳамкориҳои байниминтақавии ду кишвар низ таҳким меёбанд. Ҷонибҳо дар бораи иқтидори иҷтимоӣ–иқтисодӣ, илмию зеҳнӣ ва захираҳои минтақаи худ маълумоти муфассал доданд.

Роҳбари вилоят А.Бобоев доир ба иқтидори иқтисодии вилояти Самарқанд, мавқеъи ҷуғрофӣ, бартариҳои он дар соҳаи сайёҳӣ, тарғиби мероси фарҳангӣ ва лоиҳаҳои инноватсионӣ, инчунин имкони истифодаи муштарак аз имкониятҳои васеъ, ки то ҳол истифода нашудаанд, ибрози андеша намуд.

Аз ҷумла, пешниҳодҳо оид ба роҳандозии истеҳсоли батареяҳо барои электромобилҳо, маҳсулоти электротехникӣ ва филтрҳои саноатӣ дар Самарқанд, татбиқи лоиҳаҳои «Smart Farm» — «фермаи боҳуш», ҳамкорӣ бо клиникаҳои Корея дар доираи лоиҳаи «Osong Medical Innovation Foundation» ҷиҳати роҳандозӣ кардани телемедитсина ва технологияҳои иттилоотии тиббӣ дар Самарқанд, инчунин баргузор намудани «Рӯзҳои сайёҳӣ ва фарҳанги Самарқанд» дар Чхунчхон-пукто ва «Рӯзҳои сайёҳӣ ва фарҳанги Чхунчхон-пукто» дар Самарқанд баррасӣ гардиданд.

Дар вохӯрӣ созиш карда шуд, ки то 100 нафар ҷавонони Самарқанд дар як донишгоҳи вилояти Чхунчхон-­пукто бо гранти давлатӣ таҳсил кунанд.

Дар хотимаи мулоқот байни музофоти Корея ва вилояти Самарқанд созишномаи дӯстӣ ба имзо расид.

Зимни сафар ба Кореяи Ҷанубӣ ҳайати Самарқанд дар чорабиниҳои зиёде, аз қабили мулоқоти соҳибкорони Самарқанд — Чхунчхон-пукто, мулоқот бо вакилони корхонаҳои «CJ Blossom Campus», Youngone Corporation, вохӯрӣ бо роҳбарияти Иттиҳодияи маъмурияти минтақавии давлатҳои Осиёи Шимолӣ–Шарқӣ ва дигар форуму семинарҳо иштирок намуданд.

Хизмати ахбори ҳокимияти вилоят.