Шаби 27-уми июл дар шаҳри Базел бозии ниҳоии Чемпионати Аврупо оид ба футболи занона баргузор гардид. Дар финал дастаҳои мунтахаби Англия ва Испания бо ҳам рӯбарӯ шуданд.
Дастаи Англия ҳамчун қаҳрамони феълии Аврупо ба майдон омад, дар ҳоле ки Испания бо мақоми қаҳрамони ҷаҳон ба ин мусобиқа омада буд.
Бозӣ хеле ҷолибу рақобатнок гузашт ва тақдири он дар зарбаҳои пеналтӣ ҳал шуд, зеро вақти асосӣ ва иловагӣ бо ҳисоби 1:1 анҷом ёфт. Қаҳрамони серия Ханна Ҳэмптон шуд, ки ду зарбаро дар пеналтӣ боздошт ва зарбаи ҳалкунандаро Хлоя Келли ба ҳадаф расонид.
Қобили зикр аст, ки Англия бори дуюм пайиҳам қаҳрамони Аврупо гардид. Барои испаниҳо бошад, роҳ ёфтан ба финал беҳтарин натиҷаи таърихи онҳо дар чемпионатҳои қитъавӣ ба шумор меравад.
