ПРЕСС-ТУР
Ноҳияи Пайариқи вилояти Самарқанд 29-уми сентябри соли 1926 таъсис ёфтааст. Шумораи аҳолиаш 279,8 ҳазор нафарро ташкил мекунад. 95,6 фоизи аҳолии ноҳия ӯзбеконанд. Ҳамчунин, дар ин ноҳияи тоҷикон, қазоқҳо, корейсҳо, русҳо ва намояндагони дигар миллатҳо умр ба сар мебаранд.
Сафари матбуотие, ки бо ташаббуси ҳокимияти ноҳияи Пайариқ ташкил карда шуд, аз маҳаллаи Хӯҷа Исмоил оғоз ёфт. Дар ин ҷо журналистон бо корҳои сохтмониву ободоние шинос шуданд, ки дар атрофи маҷмӯаи Имом ал-Бухорӣ ба амал бароварда мешаванд. Ҷонишини ҳокими ноҳия Рашид Исмоилов дар ин бора ба рӯзноманигорон маълумоти муфассал ва ба саволҳо посух дод.
Дархостгари комплекси мемориалии Имом ал-Бухороӣ ширкати инжинирингии ҳокимияти вилояти Самарқанд буда, сарпудратчии он Enter Enqineerind мебошад. Мувофиқи лоиҳа дар майдони 43 гектар сохтмони масҷиде, ки чор манораи баландиаш 76,5-метрӣ дорад ва барои намозгузории 10 ҳазор кас пешбинӣ шудааст, амалӣ карда мешавад.
Журналисту блогерҳо дар маҳаллаи Чоштеппа бо корҳои сохтмону бинокории Минтақаи озоди иқтисодии Ургут шинос шуданд.
Дар маҳаллаи Халқобод минтақаи хурди озоди иқтисодӣ ташкил мегардад. Аз ҷумла, дар ин ҷо корпуси асосии корхонаи хусусии коркарди санги мармари “Fartuna-stoun” қад рост мекунад.
— Аз рӯи нақша корхонаи мо моҳи сенятбр ба кор медарояд, — гуфт роҳбари корхона Меҳриддин Рӯзиқулов. – Баробари корҳои бинокорӣ насби дастгоҳу агрегатҳо идома доранд. Мо ҳамаи таҷҳизоти зуруриро аз Хитой овардем. Баъди ба кор даромадани калонтарини ин ҳудуд он соле 36 ҳазор метри мураббаъ санги мармар истеҳсол мекунад. Баробари ҳамин 20 нафар сокини маҳаллаҳои гирду атроф бо кори доимӣ таъмин мегарданд.
Кормандони воситаҳои ахбори оммавӣ баъди шиносоӣ бо рафти сохтмони биноҳои 12-ошёнаи маҳаллаи Наримон дар расми ифтитоҳи бинои “Маҷмӯаи хоҷагии қишлоқ ” иштирок карданд. Дар ин маҷмӯа минбаъд шӯъбаҳои кишоварзӣ ва хоҷагии об, агроинпексия, иттиҳодияи фермерон, карантини растаниҳо ва бухгалтерияи маркази фаъолияти худро пеш мебаранд.
Ҳар як ноҳия оинаи худро дорад. Рӯзномаи ноҳияви “Пайариқ ҳаёт” ба даҳсолаи даҳуми худ қадам мегузорад. Бо ташаббуси ҳокими ноҳия барои таъмиру азнавсозии бинои таҳририяти рӯзнома 200 миллион сӯм маблағ ҷудо карда шуд. Бинокорони ҶММ “Олмос элита” онро хушсаифат аз таъмир бароварданд. Дар маросими кушоиши он сармуҳаррири рӯзномаҳои муштараки “Зарафшон” ва “Самаркандсий вестник” Фармон Тошев, ҳокими ноҳия И. Ҷабборов, журналистони собиқадор, намояндагони дигар рӯзномаҳо иштирок карданд ва бо шароити кори ходимони рӯзнома шинос шуданд.
Дар рафти сафари мутбуотӣ журналистон осорхонаи таърихи ноҳияро тамошо карданд. Дар охир тақдимоти “Штаби ислоҳотҳо”-и рушди иқтисодиву иҷтимоии ҳудудҳо баргузор гардид. Дар он ҳокими ноҳия И.Ҷабборов доир ба вазифаҳои штаб маълумот дода, муаммоҳои асосии ноҳияро ба забон овард ва роҷеъ ба роҳи ҳалли онҳо сухан ронд.
М.ҶУМЪАЗОДА
