Ovozi.uz

Оё имсол таъминоти газ беҳтар мешавад?

Нишасти навбатии матбуотӣ бо роҳбарони филиали таъминоти гази «Ҳудудгаз Самарқанд» баргузор гардид. Он ба корҳое, ки барои гузаронидани мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2025–2026 иҷро карда шудаанд, бахшида шуд.

Ҷонишини директори филиали таъминоти гази «Ҳудудгаз Самарқанд» Ҷасур Авазов қайд кард, ки дар филиал бо мақсади таъмини истеъмолкунандагон бо гази табиӣ ва моеъ дар фаслҳои тирамоҳу зимистони солҳои 2025–2026, як қатор корҳо анҷом дода шуданд. Дар ҳудуди вилоят 9288,7 километр қубури газгузаронӣ мавҷуд аст. 2413,3 километри онҳо зеризаминӣ ва 6875,4 километр рӯизаминӣ аст. Аз рӯйи нақша бояд 24,7 километр хатти интиқоли газ таъмиру азнавсози карда шаванд. Дар айни замон таъмири 11,7 километри он ба охир расонида шудааст. Аз 51 50 адад иншооти газтақсимкунӣ, аз 6272 4923‑то ускунаҳои тақсимоти газ таъмир гардиданд. Қубурҳо аз санҷишҳои шиддатбардорӣ гузаронида мешаванд.

— Дар соли 2025 дар ҳудуди вилоят мувофиқи нақша бояд 16620 хонадон аз сохтори сезинагии таъминоти гази табиӣ ба сохтори дузинагӣ гузаронида шаванд, — гуфт Ҷасур Авазов. — Ҳоло боз қариб дар 200 хонавода иҷрои ин хел корҳо боқӣ мондааст. Дар натиҷа 495 адад асбобҳои газтақсимкунии миёнашиддат таҷзия (демонтаж) карда шуданд.

Мувофиқи маълумоти ходи­мони соҳаи газ ҳоло дар вилоят 769 маҳалла (шумораи сокинон 507919 нафар) ва 429 объектҳои соҳаи иҷтимоӣ, қисми ҳарбиву сарҳадӣ бо гази фишурдаи моеъ таъмин карда мешаванд. Дар моҳҳои январ-июли соли равон ба истеъмолчиён 48597,7 тонна гази моеъ расонида доданд. Инчунин, ба хонаводаҳои ниёзманд 3291 адад баллонҳои гази маишии нав тақсим гардидаанд. Кормандони филиал гази моеъро аз заводҳои коркарди нафт оварда, ба воситаи 6 стансияи тобеи худ ва 13 стансияи дигаре, ки дар асоси шартнома кор мекунанд, ба баллонҳо пур мекунанд ва ба аҳолӣ мерасонанд.

Таъминоти гази моеъ боиси ба миён омадани саволҳои зиёд гардиданд. Чаро гази баллонҳо зуд тамом мешаванд? Баллонҳои иллатдорро чаро бо газ пур карда, ба хонадонҳои аҳолӣ тақсим мекунанд? Барои чӣ муҳлати расонида додани гази моеъ баъзан аз ду моҳ ҳам мегузарад? Оё сифати гази аз заводҳо овардаро дар филиал аз санҷиши лабораторӣ мегузаронанд?.. Ба ин ва дигар саволҳои журналисту блогерон мудири шӯъбаи филиали таъминоти гази «Ҳудудгаз Самарқанд» Маъруф Пардаев ҷавоб гардонд.

Барои он ки рӯзноманигорон бо кору фаъолияти кормандони соҳаи газ аз наздик шинос шаванд, ташкили пресс-тур низ ба нақша гирифта шуд.

М.ҶУМЪАЗОДА