Дар арафаи ҷашни Истиқлолият дар ноҳияи Самарқанд корхонаи истеҳсоли плитаҳои гармидиҳӣ аз санги базалт ба истифода дода шуд. Дар маросими ифтитоҳи корхона иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилоят Адиз Бобоев ва намояндагони ҷомеаи ноҳия ширкат варзиданд.
Қимати лоиҳа 25 миллион долларро ташкил дода, 70 ҷои корӣ офарида шуд.
Имрӯзҳо дар саросари ҷаҳон биноҳо ва иншоотҳо бо истифода аз масолеҳи инноватсионӣ, навъҳои нави сохтмонӣ бо сифати баланд, қулай ва каммасраф сохта мешаванд. Дар мамлакати мо масолеҳи гарминигоҳдоранда ва маҳсулоти сарфакунандаи энергия аз санги базалт ва пашми шишагӣ низ истифода бурда мешавад.
— Имрӯз корхонаи навбунёди ноҳияи Самарқанд дар таъмини талаботи сохтмони бинову иншооти вилояти мо ба масолеҳи гарминигоҳдоранда нақши муҳим хоҳад дошт, — иброз дошт ҳокими вилоят.
Меҳмонон таҷҳизоти корхонаро тамошо карда, бо маҳсулоти истеҳсолшаванда шинос шуданд. Вақте ки корхона бо иқтидори пуррааш кор мекунад, ба Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон содироти масолеҳи он ба роҳ монда мешавад.
