Ovozi.uz

Одоби таомхӯрӣ, обнӯшӣ ва норавоии паси ҳам хӯрдани баъзе таомҳо

Ҳар касе, ки саломатии пойдори худро хоҳад ва ё кӯшиши нигоҳ доштани тандурустӣ кунад, лозим мебошад, ки ба ғайр аз вақти гурусна ё ташна мондан чизе нахӯрад ва нанӯшад. Хӯрокро ба ҳадди серӣ набояд хӯрд, ки пурхӯрӣ ба оқибатҳои бад меоварад. Дар вақти серӣ ба ҳеҷ ҳолат таом набояд хӯрд ва об нашояд нӯшид. Таомро кам-кам бояд хӯрд ва обинаро ҷуръа-ҷуръа (қулт-қулт) бояд нӯшид, хусусан таоми гаронҳазм ва ғайриоддӣ, бисёр гарм ва бисёр сардро набояд хӯрд. Дар вақти хӯрдани таом ҳангоми каме боқӣ мондани иштиҳо, аз таом даст кашидан лозим аст. Риояи ин қоида барои меъда ва бадани инсон, фаросоту ақл аст.

Агар касе хоҳад, ки бардам, солим ва баданаш сабук бошад, бояд наздик ба шаб таомро камтар бихӯрад. Лекин пирон таоми шабона нахӯрда, гурусна хобанд, бисёр зарарнок аст.

Ҳангоми дам кашидани хӯроки латиф (суюқ) зарфи таомро рост ва дар баробари рӯи худ бояд бардошта хӯрдан лозим. Луқмаро кам-кам ва хуб хоида бояд хӯрд. Муддати хӯрдани хӯрок набояд кашол ёбад, яъне таоми нав ба болои хӯроки хӯрдаи ҳазм нашуда, тановул (хӯрда) нашавад. Агар меъда ва сина аз таом вазнин шуда бошанд ва оруғ ояд, таом набояд хӯрд. Вақти қатъӣ барои хӯрдани таом маҳдуд намебошад. Чунки тарзи талаби бадани шахсони гарммизоҷ, сардмизоҷ, кӯдакон, пирон, камқувватон гуногун мебошад. Аз хӯрдани нони гарм ва ошомидани оби хунук ба як дафъа аз болои он худдорӣ кардан лозим, чунки вай дар меъда бадбӯ мегардад, ба дандонҳо зарар мерасонад. Таоми сабуки ширин аз болои ғизои вазнин набояд хӯрд, масалан харбузаву гӯшт. Инчунин аз болои ғизои дар ҷигар хуб ҳазмёбанда ғизои вазнини бадҳазм ва ширинӣ набояд хӯрд, чунки дар вақти ҳазм кардани таоми ба ин дараҷа мураккаб ба ҷигар футур (сустӣ, хастагӣ) мерасаду боиси (сабаби) пайдо шудани ҳар гуна бемориҳо мегардад.

Ду таоми гарммизоҷ ё ҳарду сардмизоҷ, ё ҳар ду часпак, ё ҳар ду боднок, ё ҳар ду қабзиятовар, ё ҳар ду ғафсу бадҳазм, ё ҳар ду сустиовар бошанд, якҷо ва якбора набояд хӯрд!

Аз хӯрдани сирко ба болои биринҷ, аз ҷурғот бо турб, аз гӯшти мурғ бо ҷурғот ва моҳӣ, аз шир бо гӯшти мурғ, аз шир бо моҳӣ, аз анор бо ҳалиса, аз ангур бо гӯшти каллаи гӯсфанд ё буз, аз харбуза бо асал, мавизи ангур бо асал, аз оби гарм баъд аз таоми шӯр, аз оби сард (хунук) баъд аз меваи тар, аз таоми гарм баъд аз ширин, аз оби сард баъд аз ҳаммом, аз пушти ҳаммом кор кардан ва ҳаракатҳои сахту бисёр, аз ҳангоми дили наҳор ҳаммом кардан ва дар вақти ҳаммом кардан хӯрок хӯрдан худдорӣ бояд кард!

Меъда чизи аз ҳад хунукро, хусусан чизҳои обинаро, дар худ нигоҳ намедораду зуд ба ҷигар мефиристонад. Ҷигар ҷои аз худ хориҷ (берун) кардан надорад. Баъд ноилоҷ ин чизи хунук дар ҷигар монда, онро хунук мегардонад ва вай варам мекунад. пас, агар инро дар вақташ илоҷ накунанд, ба марг мерасонад.

Гирдоваранда Ҷӯрақул ҚАЮМОВ, аз манбаъҳои таърихии тибби қадим