Ovozi.uz

Донишгоҳи Ҳарвард чӣ тавр таъсис ёфтааст?

8-уми сентябри соли 1636 Донишгоҳи Ҳарвард – яке аз муассисаҳои бонуфузи илмии Амрико таъсис ёфт.

Бо қарори маҷлиси қонунбарори колонияи иёлати Массачусетс дар шаҳри Кембриҷ, дар наздикии Бостон коллеҷ бунёд гардид. Соли 1639 ба он номи аввалин хайрхоҳ ва рӯҳонӣ Ҷон Ҳарвард дода шуд, ки нисфи амвол ва китобхонаи худро ба коллеҷ васият карда буд. Дар чаҳоряки аввали асри XIX коллеҷ мақоми донишгоҳро гирифт.

Имрӯз Ҳарвард чандин осорхонаҳои мустақил дорад, аз ҷумла, осорхонаи ботаникӣ (бо коллексияи нодири «гиёҳҳои шишагӣ»), осорхонаи зоологияи муқоисавӣ, минералогия ва геология, инчунин осорхонаи бостоншиносӣ ва этнология. Ҳарвард на танҳо боғҳои ботаникӣ, балки ҳатто ҷангалхонаи худашро низ дорад, ки муҳаққиқон сол ба сол зиндагии онро меомӯзанд.

Ҳамчунин, донишгоҳ соҳиби яке аз бузургтарин китобхонаҳои илмии ҷаҳон мебошад.

Ҳарвард аз 12 мактаб ва Институти таҳқиқоти пешрафтаи Рэдклифф ва 7 факултет иборат аст. Озмун ба тамоми ихтисосҳо хеле шадид аст, вале бештар аз ҳама самтҳои тиб, ҳуқуқшиносӣ, тиҷорат ва сиёсатшиносӣ маъмул мебошанд.