Иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилоят Адиз Бобоев бо масъулони Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «YAXING GUOJI MAOYI»-и Чин мулоқот анҷом дод.
Сармоягузорон лоиҳаи арзиши 28 миллион долларро муаррифӣ карданд, ки дар ноҳияи Оқдарё амалӣ мегардад. Корхона истеҳсоли нӯшокиҳои спиртӣ, хокаи ҷомашӯӣ, электросамокатҳои замонавии дорои 2, 3 ва 4 чарха, инчунин чароғҳои кӯча, ки тавассути панелҳои офтобӣ кор мекардаро ба нақша гирифтааст.
Дар марҳилаи аввал 16,5 миллион доллар ҷудо карда шуда, моҳи феврали соли 2026 ба кор андохтани корхона дар назар аст. Аммо барои бомуваффақият роҳандозӣ намудани истеҳсолот бояд сохтани роҳи автомобилгарди ба сӯи массиви Даҳбед баранда, ки филиали минтақаи озоди иқтисодии Ургут дар ноҳияи Оқдарё ҷойгир аст, бунёд кард. Сармоягузорон оид ба ин масъала ба роҳбари вилоят муроҷиат карданд.
Адиз Бобоев ба масъулони Садоратии роҳҳои автомобилгард дастур дод, ки ин масъаларо сари вақт ҳал кунанд ва қайд кард, ки ба соҳибкорони чинӣ дар ҳама масъалаҳо дар чаҳорчӯби қонун ёрӣ расонида мешавад.
Ҷонибҳо инчунин марҳилаҳои татбиқи лоиҳаро баррасӣ намуда, қадамҳои минбаъдаи ҳамкориро муайян карданд.
Баробари ба кор андохтани истеҳсолот дар вилоят 40 ҷойи нави корӣ таъсис дода мешавад, ки дар пешрафти иҷтимоию иқтисодии ноҳия саҳми арзанда мегузорад.
