Рӯзи 20-уми сентябри соли 1946 аввалин Фестивали синамои Канн кушода шуд.
Ифтитоҳи нахустин фестивали байналмилалии синамо дар Канн қарор буд, ки тирамоҳи соли 1939 баргузор гардад. Бар асоси идеяи ташкилкунандагон, ин фестивал мебоист ҷойгузин ба Фестивали синамои Венетсия мешуд, ки зери таъсири мақомоти расмии фашистӣ қарор дошт.
Барнома омода буд ва Луи Люмйер (ихтироъкори синамо) раиси фахрии ҳакамон таъин шуда буд. Қарор буд, ки ифтитоҳ рӯзи 1-уми сентябр баргузор шавад, аммо маҳз дар ҳамин рӯз Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ оғоз гардид.
Бинобар ин, аввалин Фестивали синамои Канн баъди ҷанг, яъне 20-уми сентябри соли 1946 баргузор шуд. Барои озмун 46 филм пешниҳод шуда буд, ки 11-тои онҳо ҷоизаи асосӣ — Гран-прии фестивалро ба даст оварданд.
Иттиҳоди Шӯравӣ филми Ф. Эрмлер “Тағйироти бузург” ин ҷоизаро гирифт. “Шохаи хурмои тиллоӣ” ҳамчун ҷоизаи олии фестивал аз соли 1955 ба ин сӯ дода мешавад. Аз соли 1946 инҷониб фестивали синамо ҳамасола баргузор мегардад.
