Ovozi.uz

Хонуми аввалини Ӯзбекистон дар чорабиниҳои фарҳангии Ню Йорк иштирок кард

Хонуми аввалини Ҷумҳурии Ӯзбекистон Зироат Мирзиёева дар доираи ташрифи худ ба Ню Йорк мувофиқи таклифи Хонуми аввалини Ҷумҳурии Туркия Эмина Эрдуғон дар намоиши бахшида ба мероси мадании кишвари мазкур низ ташриф фармуд.

Экспозитсия мероси чандинасраи Анадолу, ки анъанаҳо, ҳунармандӣ ва фарҳангро бо тарҳи замонавӣ муттаҳид мекунад, муаррифӣ кард. Дар намоиш матоъҳои миллӣ, қолинҳои меҳнати дастӣ, ҷавоҳирот бо услуби “телкарӣ” ва “казазиё”, намунаҳои кулолӣ, сандуқҳои аз чормағз тарошидашуда ва зарфҳои мисии бо даст сохташуда ба тамошо гузошта шуданд.

Ҳангоми ташриф ба намоиш Зироат Мирзиёева ва Эмина Эрдуғон роҷеъ ба боз ҳам мустаҳкам намудани равобити маданӣ-гуманитарии байни халқҳоямон табодули афкор намуданд.

Дар чорабинӣ ҳамчунин ҳамсарони сарони давлату ҳукуматҳои кишварҳои дигар ва намояндагони воломақоми ҳайатҳои хориҷӣ, ки дар сессияи 80-уми Сарассамблеяи СММ дар Ню Йорк буданд, ширкат доштанд.