Солҳои охир ба рушди ҳунарҳои миллӣ эътибори калон зоҳир мегардад. Бо ин мақсад, бар замми чорабиниҳои рушди фаъолияти ҳунармандон озмуну азназаргузаронӣ ва фестивалҳо ташкил карда мешаванд. Дар онҳо ҳунармандон маҳсули дастони худро ба намоиш гузашта, роҳҳои нав ба нави санъати ҳунармандиро омӯхта, таҷриба иваз мекунанд. Хуб, имрӯзҳо ҳунармандони санъати миллии Самарқанд ба чӣ корҳо машғуланд? Барои ба ин ва дигар саволҳо ҷавоб ёфтан мо бо сарвари Садорати вилоятии иттиҳодияи «Ҳунарманд»-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон Умед ҲАКИМОВ сӯҳбат кардем.
— Аз азал дар Самарқанд мардуми ҳунарманд бисёр буданд, — дар оғози суҳбат гуфт У.Ҳакимов. — Онҳо санъати ҳунармандии худро ба фарзанду набераҳояшон омӯзонда, инкишоф додаанд. Дар навбати худ, авлодони минбаъдаи онҳо усулҳои ҳунармандиро васеъ гардонида, роҳҳои нав ва мактабҳои худро ташкил кардаанд.
— Ҳоло иттиҳодияи «Ҳунарманд»-и вилояти Самарқанд чанд нафар соҳибкасбонро дар атрофи худ муттаҳид гардондааст? Дар байни ҳунармандон занҳо бисёранд ё мардон?
— Онҳое, ки ҳамчун аъзои иттиҳодия аз рӯйхат гузашта, ба фаъолияти соҳибкории тарзи якка машғуланд, 2313 нафарро ташкил мекунанд. Аз инҳо 1243 нафарашон мардҳо ва 1070 нафарашон занону духтарон мебошанд. Мардони ҳунарманд 53,7 дарсади ҳунармандонро ташкил мекунанд. Дар байни ҳунармандон 471 нафар ҷавонон низ ҳастанд, ки ин аз дилбастагии насли оянда ба касбу кори ниёгон гувоҳӣ медиҳад.
— Гап аз хусуси ҷавонон ба миён омад, аз қадимулайём ҳар як усто, косиб, ҳунарманд барои идомаи касби худ бар замми фарзандони худ боз шогирд мегирифтанд. Ба онҳо асрори касби худро ёд дода, ба барҳам хӯрдани касбу ҳунар роҳ намедоданд.
— Дуруст, анъанаи «устод-шогирд» дар байни мардуми мо аз қадим вуҷуд дорад ва ҳоло ҳам идома меёбад. Алҳол 10700 нафар ҷавонону духтарон ба устою ҳунармандони моҳиру ботаҷриба шогирд шуда, ҳунар меомӯзанд. Онҳо худ устод шаванд, шогирд мегиранд ва ин анъана пойдор мемонад.
— Дар ҳамин ҷо каме дар бораи ба чанд намуд ё самт кор бурдани ҳунармандон низ маълумот медодед…
— Ҳунармандони мо дар 35 самт фаъолияти худро пеш мебаранд. Масалан, дар соҳаи гулнақши матоъҳо ва чокдӯзӣ дар матоъҳо 388 нафар машғуланд. 577 нафар либосҳои миллӣ медӯзанд, 407 нафар аз оҳан ҳар гуна асбобу анҷомҳои зарурӣ месозанд. Ҳунари дастони мӯъҷизаофари 260 нафарро дар маҳсулоти чӯбӣ мушоҳида кардан мумкин аст. Инчунин, 38 нафар бо кашидадӯзӣ, 54 нафар бо тунукасозӣ, 59 нафар ба тайёр кардани савғотиҳо, 41 нафар бо кандакорӣ дар санг шуғл меварзанд.
— Кадом намудҳои касбу ҳунар рӯ ба таназзул оварданд, ё дар оянда хатари аз байн рафтани онҳо вуҷуд дорад?
— Не, мо дар айни замон аз байн рафтани ягон касбу ҳунарро намебинем, баръакс тараққӣ мекунанд. Хайр, ҳунари қадоқчигӣ ҳоло аз байн рафт. Чунки ҳозир ҳеч кас чойнику пиёла ва ё косаву табақи шикастаи худро қадоқ намекунад. Вале мисгарон ҳамон кори худро давом медиҳанд.
— Аз нав эҳё шудани касбҳои қадима мумкин аст?
— Мумкин. Масалан, мо ду устоеро ёфтем. Ҳоло онҳо ба касби читгарӣ машғуланд. Дар болои матои табиӣ нақшҳо мебароранд. Бояд гӯям, ки тамоми корҳои ҳунармандон дастӣ иҷро карда мешаванд. Барои ҳамин, талабгори маҳсулоташон ҳам зиёд аст. Масалан, маҳсулотҳои тайёркардаи ҳунармандони вилояти мо, аз ҷумла маҳсули дастони Асад Мирҷалолов, Холмаҳмад Исматуллоев, Нӯъмон Облоқулов, Ҳоҷиқурбон Рустамов, Мавлуда Ҳамдамова, Ҳамида Иноятова, Абдулло Саидов ва дигарон ба ИМА, Германия, Франсия, Туркия, Аморати Муттаҳидаи Араб, Малайзия ва дигар кишварҳо экспорт карда мешаванд ва ҳунармандон даромади калоне мегиранд.
— Ҳунару маҳорати соҳиби ҳар як касбу кор бештар дар намоишгоҳу фестивалҳо маълум мегардад. Дар ин гуна чорабиниҳо маҳсулот харидорони худро меёбад, ҳамин тавр аст?
— Албатта. Порсол дар шаҳри Самарқанд намоишгоҳи байналмилалии «Кашидадӯзӣ» ташкил карда шуд. Дар он на танҳо вакилони кишвари худамону ҳунармандони Осиёи Марказӣ, балки намояндагони давлатҳои Туркия, Франсия ва Бразилия иштирок карданд. Дар озмуну фестивалҳои хориҷӣ низ ҳунармандони мо ширкат меварзанд. Моҳи сентябри соли равон дар Қӯқанд фестивали байналхалқии ҳунармандӣ баргузор мегардад. Ба он қариб 1000 нафар меҳмонҳо даъват карда шудаанд. Мо низ ба ин чорабинӣ 60 нафар ҳунармандони худро мефиристем, ки баробари намоиши молу маҳсулоти худ кор омӯзанд, таҷриба иваз кунанд ва пешравии кори худро ба роҳ монанд.
— Ба қарибӣ, аниқтараш 26‑уми июни соли 2025 қарори Президенти мамлакатамон «Дар бораи чораҳои иловагӣ роҷеъ ба дастгирии соҳаи коркарди ашёи заргарӣ» дар матбуот эълон гардид. Ин қарор, албатта, ба пешравии кори заргарон такони наве мебахшад.
— Бале. Дар иттиҳодияи мо ҳам 94 нафар соҳибкорони тарзи якка бо заргарӣ машғуланд. Мувофиқи нақша дар оянда иттиҳодияи заргарон алоҳида мешавад ва он гоҳ коркарди ашёҳои заргарӣ ҳам зиёд мешавад.
— Барои пешрафти ҳунарҳои миллӣ дар оянда чӣ хел нақшаҳо доред? Чӣ бояд кард, ки ҳунармандии миллии мо аз байн нараванд, балки инкишоф ёбанд?
— Дар ин бобат имкониятҳои васеъ мавҷуданд. Аъзои иттиҳодия аз пардохти андоз озоданд. Дар асоси қарори Президенти муҳтарамамон таҳти рақами 5020 аз соли 2021, дар ноҳияҳои Самарқанд, Пастдарғам, Булунғур, Тайлоқ «Маркази ҳунармандон» ташкил карда шуданд. Ҳоло дар ин марказҳо самтҳои кулолӣ, гилембофӣ, кашидадӯзӣ, тайёр кардани либосҳои миллӣ ва маҳсулоти ороишӣ амал мекунанд. Бо ин роҳ, барои бо кор таъмин кардани қариб 200 нафар шаҳрвандон имкон пайдо гардид. Ҳар кадоми онҳо ҳоло моҳе 3–5 миллион сӯм маош мегиранд. Имрӯзҳо дар 750 маҳаллаи вилоятамон соҳибкорони ҳунарманд фаъолият мебаранд. Мо миқдори ин хел маҳаллаҳоро ба 86 адад расониданием. Зиёд кардани растаҳои ҳунармандии бозорҳо ҳам яке аз мақсадҳои мост. Барои фурӯши маҳсулоти ҳунармандон дар бозорҳои онлайнӣ (OZON, WILDBRRIES, Etsy, Amazon, Uzum) мехоҳем молу маҳсулоти худро пешниҳод кунем. Бо дастгирии роҳбарни вилоят дар маҳаллаи Конигил бунёди «Маркази ҳунармандон» ба нақша гирифта шудааст. Он 2,2 гектар масоҳатро фаро мегирад ва баъди сохта ба истифода додани он корҳои ҳунармандони мо боз ҳам бештар пеш мераванд.
Мусоҳиб Бахтиёри ҶУМЪА.
