Рӯзи 6‑уми октябри соли равон сессияи ҳаждаҳуми Шӯрои намояндагони халқи вилоят баргузор гардид. Ба сессия раиси Шӯро Шӯҳрат Негматов сарварӣ кард.
Намояндагони халқ аввал котиб, рӯзнома ва тартиби кори сессияро тасдиқ намуданд.
Сипас, мувофиқи рӯзномаи сессия ҷонишини ҳокими вилоят Наврӯзҷон Раҳмонов роҷеъ ба вазъи тайёрӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2025–2026 ва корҳое, ки дар соҳаи иҷтимоӣ амалӣ карда мешаванд, ҳисобот дод.
— Бар асоси қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 21‑уми июли соли равон таҳти рақами 453 ҳамаи нишондиҳандаҳо барои кори барқарори мавсими тирамоҳу зимистон, тайёр кардани соҳаҳои иқтисодиёт, объектҳои соҳаи иҷтимоиёту энергетика ва фонди хонаву ҷойҳои бисёрқабата муайян карда шудаанд, — гуфт Н.Раҳмонов.
— Мувофиқи он, бо мақсади беталафот гузарондани мавсими тирамоҳу зимистон дар вилоятамон як катор корҳо роҳандозӣ гардиданд. Аз ҷумла, дар доираи тайёрӣ ба мавсим, дар вилоят 155‑то (100 дарсад) бинои бисёрхона, 263‑то мактаб ва 109‑то кӯдакистон ва 15‑то объекти тиббӣ, бо мақсади беҳдошти таъминоти гармӣ 6‑то (86 дарсад) дег ва 300 метр (30 дарсад) шабакаҳои гармӣ низ таъмир карда шуданд. Ҳоло корҳои ба таъминоти марказонидаи гармӣ пайвастани 433‑то бинои бисёрқабатаи барои 22 288 хонадон пешбинишуда иҷро карда мешаванд.
14,8 километр (100 дарсад) қисми шабакаҳои оби ошомиданӣ мукаммал ва 13,4 километри (100 дарсад) онҳо таъмири ҷорӣ, инчунин 37‑то (100 дарсад) ускунаи насос мукаммал ва 58‑тои (100 дарсад) онҳо таъмири ҷорӣ карда шуданд. Иҷрои вазифаҳои барои таъминоти электр ва газ муайяншуда низ таъмин гардиданд. Ба ташкилотҳои буҷетӣ 81 ҳазор тонна (100 дарсад) ангиштсанг бурда доданд. Аз оғози моҳи сентябр ба хонадонҳои аҳолӣ низ додани ангиштсанг оғоз ёфт ва то ҳол 6,2 ҳазор тонна (100 дарсад) ангиштсанг расонда шуд. То охири сол ба аҳолӣ 166 ҳазор тонна ангишти маҳаллии пешбинишуда пурра дода мешавад. Инчунин, барои саривақт бартараф намудани носозиҳое, ки мумкин дар мавсими зимистон рӯй диҳанд, захираҳои кифояи материалҳо ҳозир карда шуданд.
Бо мақсади пурра анҷом додани корҳои тайёрӣ ба мавсим, то 15‑уми октябр ҳамаи 22‑ҳазорто хонадони биноҳои бисёрқабатаи истиқоматиро ба шабакаҳои марказонида пайваст карда, энергияи гармӣ расонда медиҳанд.
Дар сессия сардори садорати бехавфии ҳаракати роҳи хизмати бехавфии ҷамоатии СКД вилоят Абдунабӣ Носиров роҷеъ ба иҷрои қарори роҳбари давлатамон аз 4‑уми апрели соли 2022 «Дар бораи чораҳои таъмини бовариноки бехавфии инсон ва якбора кам кардани ҳолати марг дар роҳҳои автомобилӣ» таҳти рақами ҚП‑190 дар вилоят ҳисобот дод.
Таъкид гардид, ки дар 9 моҳи соли равон ҳодисаҳои роҳ — нақлиётии дар вилоят содир гардида, нисбати ҳамин даври соли гузашта ба 21‑то, ё ки 2,9 дарсад (726/747) афзудаанд. Ҳодисаҳои бо марг вобастаи роҳ-нақлиётӣ ба 17‑то (198/181) кам шудаанд.
Ҳодисаҳои умумии роҳ — нақлиёти дар ноҳияҳои Ургут 3,4 (59/61), Ҷомбой 17,9 (22/31), Тайлоқ 43,6 (39,56), Пайариқ 17,6 (34/40), Иштихон 5,1 (23/31), Нарпай 15,6 (45/52) ва Пахтачӣ 26,5 (34/43) дарсад;бо марг вобаста дар ноҳияҳои Ургут 25,0 (12/15), Булунғур 37,5 (8/11), Тайлоқ 66,7 (6/10), Нарпай 15,6 (45/52) ва Пахтачӣ 26,5 (34/43) дарсад афзудаанд.
Дар 354‑то (44,1 дарсад) ҳодисаҳои роҳ — нақлиётӣ пиёдаҳоро зада рафтаанд, 265‑тои онҳо (33,08 дарсад) нақлиёти автомобилӣ ба якдигар бархӯрдаанд. Дар 34 ҳолат, воситаи нақлиётиро дар ҳолати мастӣ идора намудани ронандагон сабаби рӯй додани ҳодисаҳои нохуш шудаанд.
Дар натиҷа, 89 нафар пиёда вафот карданд. 269 нафари онҳо ҷароҳатҳои дараҷаи гуногун гирифтанд.
— Инспекторони мо дар даври гузаштаи сол дар вилоят 538 ҳазору 727‑то қоидашиканиро муайян намуданд. 138 ҳазору 54‑тои онҳо қоидашикании дағалона аст. 2995‑то бо идораи воситаи нақлиётӣ дар ҳолати мастӣ вобаста мебошад, 10 ҳазору 639‑то ба ранги сурхи ҳаракатро таъқиқкунандаи светофор риоя накардан, 30 ҳазору 50‑тоаш қоидашиканиҳои пиёдагардон содиркарда ба ҳисоб мераванд. Воситаҳои техникии махсуси автоматии фото ва видеоқайдкунанда 1 миллиону 217 ҳазору 658‑то (576 миллиарду 888 миллион сӯмина) қоидашиканиҳоро муайян кардаанд. Дар айни ҳол, дар вилоят 61 дона радар ва 118 дона камераи интеллектуалӣ гузошта шуда, дастгоҳҳои мазкурро ба Сохтори ягонаи ахбори хизмати бехавфии ҳаракати роҳ интегратсия карда, ба кор даровардаанд.
Дар роҳҳои автомобилӣ ва кӯчаҳои истифодаи умумии вилоят 2804 дона нишонаҳои роҳ гузошта, 4077 дона нишонаҳои кӯҳнашудаи роҳ ба наваш иваз карда шуданд. Дар 153 ҷой баландичаи сунъӣ бунёд гардид. Дар 1260‑то ҷое, ки пиёдаҳо мегузаранд, хатҳои нав, дар 15 ҷой роҳи нави пиёдагузар ташкил карда шуданд.
Дуто ҷои зеризаминии пиёдагузар сохтанд. Дар роҳҳои автомобилии аҳамияти байналмилалӣ дошта 56‑то роҳҳои пиёдагузар барпо намуда. дар 37 ҷой светофор гузоштанд.
Ҳоло дар вилоят 63‑то ташкилотҳои таълим ва такмили ихтисоси ронандагон пурра бо анҷомҳо таъмин гардида, фаъолияти онҳо роҳандозӣ ва ба марказҳои мониторинги вилоят ва ҷумҳурӣ интегратсия карда шудаанд.
Дар сессия, инчунин масъалаҳое чун бар асоси ҳуҷҷатҳое, ки ба воситаи сохтори автоматии ахбори «Эътироф»-и Агентии кадастр омадаанд, эътироф намудани ҳуқуқҳо ба қитъаҳои замин, ки худсарона аз худ карда шудаанд ва бинову иншоотҳои дар онҳо бунёдгардида, дар бораи додани рухсат ба гирифтани қитъаҳои замин барои эҳтиёҷоти ҷамоат ва ғайра баррасӣ гардида, роҷеъ ба онҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.
