Асп ва хар аз бозор бармегаштанд. Ҳамин тавр, иттифоқ афтода буд, ки хар аз сараш ҳам баландтар бор дошт, асп бошад, бо борӣ сабук пеш медавид.
Онҳо ними роҳро тай карданд. Хар монда шуд, оҳу воҳ мекард, базӯр нафас мекашид.
— Ҷӯрагӣ кун, — илтимос кард вай аз асп, — ба ман ёрӣ расон. Ақаллан як қисми бори маро гир!
Вале асп ҳатто гӯш кардан ҳам нахост.
Пас аз чанде хар ба тавалло даромад:
— Ёрӣ деҳ! Дигар тобу тоқатам намонд.
Асп рӯй гардонд, фирқ-фирқ кард ва тамасхуромез гуфт:
— Хайр, бигузор гуфтаи ту шавад, баъзе чизҳоро ман ба худам мегирам. Ту бори худро бурдан гир, ман бошам, ба ҷойи ту оҳу воҳ мекунам ва ҳарсос мезанам.
Хар боз якчанд қадам гузошт ва бемадорона ба замин афтод.
— Бихез, бихез, азизам, — тавалло кард соҳибаш, вале хар аз ҷояш хеста натавонист.
Дигар илоҷ ки надошт, соҳибаш бори харро фаровард ва тамоми бору бунаро ба болои асп бор кард.
Акнун хар сабук медавид, асп бошад, ҷон мекоҳонд, оҳу воҳ мекард ва барои ҳарду ҳарсос мезад.
Беҳуда намегӯянд: вазнинӣ ба ҳамоне меафтад, ки аз кор мегурезад.
©️ «Ҳафт бор афтӣ, ҳашт бор хез!». Дар таҳия ва тарҷимаи Бахтиёри Ҷумъа ва Нарзипӯлод Саидова
