Ватани биринҷ Осиё, аниқтараш Таиланд ва Ветнам ба ҳисоб меравад. Сатҳи об ба пухта расидани шолии обӣ бояд дар атрофи 13 сантиметр бошад. Дар як пояи ниҳол аз 100 то 200 донагӣ ҳосил мерӯёнанд. Дар таркиби 100 гр. биринҷи хом 4,1 г. моддаи сафеда мавҷуд аст.
Биринҷ сафед, зард, сурх, қаҳваранг ҳатто сиёҳ мешавад. Биринҷи сиёҳ як навъи ёбоӣ буда, аз маводи ғизоӣ бой аст. Биринҷи қаҳваранг ё тозанашуда аз кислотаи фолий бой аст, ки барои фаъолияти мағзи сар муҳим аст ва инчунин як моддаи равғанӣ, ки барои пешгирии бемориҳои онкологӣ ва дилу раг мусоидат мекунад. Биринҷ барои онҳое, ки оқилона таом мехӯранд ва ҳаёти фаъол мебаранд, ғизои олӣ аст. Дар таркиби он 78 фоиз карбогидратҳо мавҷуд буда, тиамин-В1, рибофлавин-В2, ниатсин-В3, В6, аз витаминҳои Е бой. Карбогидратҳо системаи асаб, ҳангоми нигоҳ доштани энергия дар организми инсон кӯмак мекунанд. Аз сабаби бой будани калий он миқдори намакро, ки бо маҳсулоти дигар ба организм ворид мешавад, ба эътидол меорад. Инчунин, аҳамияти фосфор, рух, оҳан, калтсий ва йод дар танзими мубодилаи моддаҳо дар организм, қувваи дандонҳо, танзими фаъолияти майна бағоят калон аст. Он ба организм ҷаббидани сафедаҳоро метезонад. Аз сабаби он, ки дар таркиби биринҷ умуман намак мавҷуд нест, онро ҳамчун ғизо барои афроди гирифтори бемориҳои дилу раг, гурда ва онҳое, ки мехоҳанд вазни худро гум кунанд, тавсия медиҳанд.
Маълумотҳои ҷолиб дар бораи биринҷ.
➖ Одам 7-8 ҳазор сол пеш ба парвариши шолӣ шурӯъ кардааст.
➖ Ҳар сол дар рӯйи замин 500 миллион тонна шолӣ рӯёнда мешавад.
➖ Барои рӯёндани як килограмм шолӣ 5000 литр об сарф кардан лозим меояд.
➖ Дар Америкаи Шимолӣ шолӣ бо самолёт ва дар баъзе ҷойҳои Осиё онро бо даст мешинонанд.
➖ Дар муқоиса бо дигар зироатҳои лӯбиёгӣ, биринҷ аз калтсий ва фосфор, карбогидратҳо, витамин ва минералҳо бой аст.
➖ Шолӣ – ягона растании лӯбиёгии асосист, ки дар об мерӯяд. «Toyota» — автомобили японӣ маънои «шолизори ҳосилхез»-ро дорад.
➖ Дар оби ширгарми шолӣ ҷӯшонида дурҳоро шӯянд, рангаш сафед ва ҷилодор мешавад.
Тавсияҳо.
➖ Дар гепатит (зардпарвин) танҳо биринҷро бо равғани зард мехӯранд.
➖ Дар диабети қанд аз лӯбиёи сиёҳ ва каду 250 гр. ва биринҷ 150 гр. гирифта ҷӯшонида менӯшанд.
➖ Дар бемории пӯст агар орди биринҷро бо оби харбуза даромехта бимоланд, аз доғҳои сафеди бадан халос мешаванд.
