Дар шароити кунунии ҷараёнҳои мураккаби сиёсиву низомӣ, ки дар ҷаҳон ҷараён доранд, таъмини бехатарии минтақавӣ, мустаҳкам намудани боварӣ ва ҳамкории байни давлатҳо гарави асосии сулҳ ва рушди устувор гардида истодааст.
Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон генерал-лейтенант Шуҳрат Холмуҳамедов бо вазирони мудофиаи кишварҳои Осиёи Марказӣ мулоқотҳои дуҷониба анҷом дод. Зимни мулоқот масъалаҳои густариши ҳамкориҳои низомӣ, такмили низоми омодагии муштарак, роҳандозии табодули таҷриба ва донишҳои амалӣ, инчунин татбиқи ташаббусҳои муштарак дар соҳаи бехатарии минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд, — омадааст дар хабари Департаменти ахбор ва коммуникатсияҳои оммавии Вазорати мудофиа.
Мақсади асосии вохӯрӣ рушди ҳамкориҳои амалӣ, ки ба таъмини сулҳу ваҳдат ва рушди устувор дар минтақаи Осиёи Марказӣ хизмат мекунад, мебошад. Мулоқотҳое, ки дар рӯҳияи самимӣ гузаштанд, барои таҳкими минбаъдаи эътимоду ҳамкории байни давлатҳо, қадамҳои нав барои таъмини сулҳу субот дар минтақа замина гузоштанд.
Метавон гуфт, ки чунин ташаббусҳои амалӣ ифодаи зиндаи ғояҳои сулҳу ҳамбастагӣ, ки сарвари давлатамон ба миён гузоштааст, мебошанд. Чунин мулоқот ва ҳамкории дӯстона байни давлатҳои Осиёи Марказӣ на танҳо бехатарии минтақаро мустаҳкам мекунад, балки барои ба сатҳи нав боло бурдани сулҳи умумӣ, рушди устувор ва муносибатҳои неки ҳамсоягӣ хизмат мекунад.
ӮзА
