Дар ин бора ширкат дар саҳифаи иҷтимоии худ хабар додааст.
Қайд карда мешавад, ки дастгоҳ барои беҳтар кардани ҳаракатҳои табиии пой тарҳрезӣ шудааст. Пойафзол бо муҳаррик, тасмаи гардонанда ва батареяи пуршавандаи манжетӣ муҷаҳҳаз шудааст, ки онро бо дастгоҳи мазкур ё бедастгоҳ пӯшидан мумкин аст.
Пойафзолҳои мазкур нафақат барои варзишгарони касбӣ пешбинӣ шудааст, балки онҳое, ки дар ҳаёти рӯзмарраи худ роҳи дурро тай мекунанд ё нақшаи бештар давиданро доранд низ истифода бурда метавонанд. Он ба истифодабаранда барои зудтар ва бештар тай кардани роҳ кумак мекунад.
Майкл Донагу – витсе-президенти Nike оид ба таҳияи маҳсулот чунин шарҳ додааст: «Project Amplify — ин пойафзол барои гузоштани қадамҳои шумо бо қувваи бештар равона шудааст. Гап дар он аст, ки шумо метавонед аз он чизе ки фикр мекардед, бештар кор кунед, новобаста аз он, ки ин барои шумо чӣ маъно дорад».
Project Amplify ҳанӯз дар марҳилаи санҷиш қарор дорад. Пойафзол метавонад пас аз чанд сол ба фурӯш бароварда шавад.
