Ovozi.uz

Аҳамияти суғуртаи тиббӣ

Тараққиёти ҷамъият, пеш аз ҳама ба саломатии аҳолӣ вобаста аст. Зеро танҳо инсони солим метавонад ба оянда бо умед назар кунад ва баҳри ободиву пешрафти Ватан саҳм гузорад. Ин аст, ки дар мамлакатамон дар қатори соҳаҳои дигар, бобати такмилдиҳии ҳифзи тандурустӣ ва беҳтар гардондани он як қатор фармону қарорҳои Президент имзо гардиданд.
Мувофиқи қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи чораҳои роҳандозии механизмҳои суғуртаи давлатии тиббӣ» аз 1‑уми июли соли 2025 дар вилояти Самарқанд низ суғуртаи давлатии тиббӣ ҷорӣ карда шуд.

— Роҳандозии механизмҳои суғуртаи тиббӣ, пеш аз ҳама шаффофияти сифати хизмати тиббӣ ва самарадории онро таъмин мекунад, — гуфт роҳбари шуъбаи ҳифзи тандурустии шаҳри Самарқанд, доктори фанҳои тиббӣ, Аълочии ҳифзи саломатии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон, профессор Аҳмадҷон Султонбаевич Бобоҷонов. — Инчунин, суғуртаи тиббӣ арзиши хизматрасонии тиббиро коҳиш дода, ба шаҳрвандон имкон медиҳад, ки дар муассисаҳои тиббии интихобкардаи худ хидмати босифати тиббӣ гиранд. Яъне, хидмати табибони оилавӣ, ёрии таъҷилии тиббӣ, муоинаи профилактикӣ ва баъзе доруворҳоро давлат таъмин мекунад. Мақсади асосии суғуртаи тиббӣ аз дастрасии ройгон ё имтиёзнок доштани табақаҳои камдаромад, бекор ва аз ҷиҳати иҷтимоӣ ниёзманд низ ба хидматҳои тиббӣ мебошад.
Масалан, пештар муассисаҳои статсионарӣ «ба ҷой» ва муассисаҳои амбулаторӣ аз ҳисоби ҳар сари аҳолӣ бо маблағ таъмин карда мешуданд. Аз ин рӯ, ба муассисаҳои тиббӣ на аз рӯи сифату натиҷа, балки барои «ин қадар рӯз» ё «ин қадар одам» маблағ ҷудо мегардид. Ҳоло бошад, муассисаҳои статсионарӣ «аз ҳисоби буҷети глобалӣ» ё «аз рӯи натиҷаи табобатёбӣ» ва дар поликлиникаҳои амбулаторӣ вобаста ба синну сол ва ҷинс, «ба сари аҳолӣ» маблағгузорӣ карда мешаванд.

— Оиди рақамигардонии соҳаи тиббиёт кадом корҳо амалӣ шуданд?

— Аз моҳи май бо дастгирии ҳокимияти вилоят ва Вазорати тандурустӣ барои шуъбаи мо қариб ба масофаи 20 ҳазор метр ноқилҳои интернетӣ кашида шуд, беш аз 800 моноблок (компутер), 720 дона планшет, хулоса, воситаҳои барои рақамигардонӣ зарурро ҷудо карданд. Мо онҳоро ҷо ба ҷо гузошта, ҳар як шифокор ва ҳамшираро бо воситаҳои техникӣ таъмин кардем. Аз ин воситаҳо самаранок истифода бурда, 598 ҳазору 816 нафар аҳолиро, ки дар рӯйхати иттиҳодия сабти ном шудаанд, ба барномаи электронӣ даровардем. Яъне платформаи электронии аҳолӣ офарида шуд.

— Платформаи электронӣ, яъне рақамигардонӣ ба шаҳрвандон чи медиҳад?

— Шаҳрвандон ҳуқуқ доранд, ки шифокори оилавии худро интихоб кунанд. Пештар агар ба мавзеъ як шифокори оилавӣ мутасаддӣ карда шуда бошад, шаҳрвандон ҳатман ба ҳамон шифокор муроҷиат менамуданд. Ҳоло ин тавр нест, бемор метавонад аз хонаи худ ба воситаи телефони кисагӣ шифокори оилавиро интихоб ва ба навбат нависонад. Ин дар навбати худ шифокору ҳамшираҳоро водор месозад, ки худомӯзӣ намоянд ва малакаву донишашонро сайқал диҳанд.

— Корафтодагон барои дастраси хизматҳои тиббии ройгон шудан чи кор кунанд?

— Барои ин, пеш аз ҳама, ба поликлиникаи ҷои истиқомат муроҷиат кардан лозим аст. Духтури оилавӣ муоинаи заруриро мегузаронад ва агар зарур бошад, аз муоинаи мутахассисони соҳаҳои дигари махсус гузаронда, дар ҳолати зарурӣ бо роҳхат беморро барои табобат ба беморхонаҳо равон мекунад. Агар шаҳрванд хоҳад, ки аз ҳисоби худ табобат гирад, мумкин ба шифохонаҳои хусусӣ муроҷиат кунад.

— То имрӯз ба шифохона чанд нафар оиди суғуртаи тиббӣ муроҷиат кард?

— Дар шифохонаи мо дар як сол беш аз 18 ҳазору 600 нафар бемор табобат мегиранд, аз онҳо 14 ҳазор нафарашон бо воситаи суғуртаи тиббӣ табобат гирифтаанд.

— Ташаккур барои суҳбати ҷолиб ва муфид!

Мусоҳиб Д.ОБЛОҚУЛОВА