Ovozi.uz

Чорабиниҳои маънавӣ бештар ташкил гарданд

Дар маҳаллаи Деҳнави ноҳияи Самарқанд бахшида ба таълиму тарбияи насли наврас ва баланд бардоштани маънавияту маърифати аҳолӣ ҷамъомад баргузор гардид. Дар он кормандони рӯзномаи “Овози Самарқанд” ҳам иштирок карданд.
Чорабиниро раиси маҳалла Шодмон Шамсиев ҳусни оғоз бахшида, роҷеъ ба ин масъала ҳарф зад.
Ҷонишини сармуҳаррири рӯзнома Тошқул Азимов қайд кард, ки дар баландбардории маърифат китобхонӣ ва мавқеи нашрияҳо низ калон аст.
Фаъолони маҳалла Зоҳир Ҷӯраев, Аълам Аҳмедов, Раҳмат Муҳаммадиев ва дигарон фикру мулоҳизаҳои худро дар бораи тӯю маърака, одоби оиладорӣ, тарбияи фарзанд, инчунин китобхонӣ ва рӯзномаи “Овози Самарқанд”, маҷаллаи “Дурдонаи Шарқ”, барномаи телевизионии “Чашми дил” баён карда, барои беҳтар шудани муҳити маънавӣ пешниҳодҳои муфид ба миён гузоштанд.
Шоири ҷавон Ҳасан Сулаймонӣ шеър ва нависанда Бахтиёри Ҷумъа ҳикояи худро хонда, табъи ҳозиринро шод гардонданд.
Чорабинӣ хеле пурмазмуну шавқовар гузашт. Иштирокдорони чорабинӣ пешниҳод карданд, ки чунин ҷамъомадҳо зуд-зуд гузаронида шаванд.