Ovozi.uz

Рӯзи фарохдилӣ китобдӯстонро ҷамъ намуд

Дар Маркази ахбор-­китобхонаи ба номи А. С. Пушкини вилояти Самарқанд бахшида ба 16‑уми ноябр — Рӯзи ҷаҳонии фарохдилӣ ва ҳафтаи китобхонии «INFOLIB UZBEKISTAN‑2025», инчунин тақдимоти китоби «Аз дидаҳо, шунидаҳо» чорабинии адабӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ, ки бо ибтикори рӯзномаи вилоятии «Овози Самарқанд», шуъбаи вилоятии Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон, шуъбаи вилоятии Иттиҳоди журналистони Ӯзбекистон ва Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷик ва тоҷикзабонони вилоят таҳти шиори «Ӯзбекистон — диёри фарохдилӣ» баргузор шуд, аҳли илму адаб, аз ҷумла шоирону нависандагон, журналистону рӯзноманигорон, уламоҳои дин, раис ва намояндагони марказҳои миллӣ-­фарҳангӣ, устодон ва донишҷӯёни донишгоҳҳо, омӯзгорон ва донишомӯзони мактабҳо, санъаткорон, кормандони ВАО ва мухлисони каломи бадеъ ширкат варзиданд.

Дар он, нахуст, корҳое, ки дар кишварамон барои таъмини ҳамоҳангии байни миллатҳо, фарохдилӣ ва ҳамҷиҳатии байнидинӣ анҷом дода мешаванд, эътироф гардиданд.

— Рӯзи ҷаҳонии фарохдилӣ дар кишвари мо низ ба таври васеъ ҷашн гирифта мешавад, — гуфт роҳбари садорати минтақавии Кумита оид ба корҳои дин Соҳибназар Боймуродов. — Дар минтақаи мо 11 маркази миллӣ-­фарҳангӣ фаъолият мекунад. Умуман, дар шаҳру ноҳияҳоямон ба намояндагони ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳо барои ҳифз кардан ва рушд додани арзишҳо, анъанаҳо ва забони миллии худ тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудааст.

Сипас, тақдимоти китоби «Аз дидаҳо, шунидаҳо», ки аз ҷониби таҳририяти «Овози Самарқанд» интишор шудааст, гузаронида шуд. Яке аз мураттибони китоб Ҳасан Сулаймонӣ дар бораи мазмуну мӯҳтавои китоб маълумот дод.

— Китоб зоҳиран аз ҳаҷвияҳои ҳаётии кормандон, собиқадорон ва ҳамкорони рӯзномаи «Овози Самарқанд» иборат бошад ҳам, зимнан қариб ҳар як ҳикоя ҷиҳати тарбиявӣ низ дорад, — гуфт ӯ. — Аз ин рӯ, хонандаи китоб аз он барои ҳаёти худ низ хулосаҳо бароварда ва бо муҳити таҳририят ё умуман соҳаи рӯзноманигорӣ шинос шуда метавонад. Барои он, ки хонанда танҳо ҳикояҳоро хонда, дилгир нашавад, мо ба китоб шеърҳо, афоризмҳо ва расмҳои мувофиқи матлабро низ ҳамроҳ кардаем.

— Дар доираи ҳафтаи «INFOLIB UZBEKISTAN‑2025», маркази мо барои хонандагони синну соли гуногун хонишҳои мавзӯӣ, вохӯриҳо бо муаллифон, тақдимоти китобҳо, бозиҳои интерактивӣ ва флешмобҳои китобхониро ташкил намудем, — гуфт роҳбари Маркази ахбор-­китобхонаи ба номи А. С. Пушкин Зебинисо Шодиева. — Мо метавонем бигӯем, ки тақдимоти китоби «Аз дидаҳо, шунидаҳо» идомаи ҷудонашавандаи ин чорабиниҳост. Мақсади мо китобхониро ба як қисми ҳаёти ҳаррӯзаи ҳар як хонавода ва ҳар як синну сол табдил додан аст. Хурсандиовар аст, ки дар тӯли ҳафта шумораи хонандагон афзоиш ёфт ва таваҷҷуҳ ба китобхонӣ, хусусан дар байни ҷавонон, рушд меёбад.

Сарояндагони шинохта Талъат Шоҳбаротов, Ихтиёр Султонов, донишомӯзони мактабҳои таълими умумии рақами 19‑и ноҳияи Пастарғам ва 21‑и шаҳри Самарқанд ва дигарон бо суруд, шеър ва рақсҳои дилнишини худ ба ҳозирин кайфияти болида бахшиданд.

Дар охири чорабинии адабӣ иштирокдорон ба ҳаракати умумимиллии «Макони сабз» саҳм гузоштанд. Дар соҳили канали Сиёби Самарқанд «Боғи дӯстӣ» бунёд карда, ниҳолҳои ороишӣ ва мевадеҳ шинониданд. Ин чорабинии рамзӣ барои боз ҳам мустаҳкам намудани ягонагӣ ва эҳтироми байниҳамдигарии намояндагони миллатҳои гуногун хизмат мекунад.

Шаҳзод КЕНҶАЕВ