Дар ноҳияи Тайлоқи вилояти Самарқанд як мард ба мошинҳои шиносҳои худ, ки бо онҳо муноқиша карда буд, бензин рехта, онҳоро оташ зад. Хидмати матбуоти Садорати корҳои дохилии вилоят дар бораи ин ҳодиса маълумот дод.
Гуфта мешавад, ки 28-уми ноябри соли ҷорӣ, соати 21:50, шаҳрванд К.А., соли таваллудаш 1985, ки дар маҳаллаи Беклари ноҳияи Тайлоқ зиндагӣ мекунад, бо шиносонаш Ғ.Р., соли таваллудаш 1990 ва Н.Р., соли таваллудаш 1991, ки дар маҳаллаи ҳамсоя зиндагӣ мекунанд, ҷанҷол кардааст.
Пас аз ин, К.А. бо фарзандони 20 ва 18-солааш рафта, ба мошинҳои боркаши Ғ.Р. ва Н.Р. бензин рехта, онҳоро оташ задааст.
Сӯхтор зуд хомӯш карда шуда, аз осеб дидани дигар воситаҳои нақлиёт ва борҳои онҳо пешгирӣ карда шудааст.
Қайд карда мешавад, ки 29-уми ноябр Шуъбаи тафтишотии назди Садорати корҳои дохилии ноҳияи Тайлоқ парвандаи ҷиноиро тибқи қисми 2-и моддаи 173-и Кодекси ҷиноятӣ (Нобуд кардан ё осеб расонидан ба мулк) оғоз карда, нисбати шахсони гунаҳкор чораи эҳтиётӣ дар шакли ҳабс татбиқ кард. Ҳоло ҳаракатҳои тафтишотии пешакӣ идома доранд.
