Ovozi.uz

“Азизони дил” — намунаи ибрат барои ҷавонон

Дар мактаби миёнаи рақами 37-и ноҳияи Самарқанд тақдимоти китоби “Азизони дил”-и нависандаи ҳаҷвнигор, узви Иттифоқи журналистони Ӯзбекистон ва узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Бахтиёри Ҷумъа баргузор гардид.

Дар чорабинӣ хонандагони синфи 8-уми мактаб таҳти роҳбарии муаллима Ҳилола Норбоева аз китоб намунаҳо қироат карданд. Тақдимот ба шакли ноанъанавӣ гузашт. Дар он муаллима аз китоб саволҳо пешниҳод намуда, хонандагон ба онҳо ҷавоб доданд.

— Ин китоб ба дасти ман ба таври аҷиб расид, — гуфт Ҳ. Норбоева. — Рӯзе ҳамсари Нусрат Раҳмат — муаллима Рухсора Шарофова ба ман занг зада, гуфт, ки дар хона як даста китоб ҷамъ кардаасту мехоҳад онҳоро ба китобхонаи мактаб бахшад. Ман ба хонаашон рафта, китобҳоро гирифтам. Дар байни онҳо китоби “Азизони дил”-и Бахтиёри Ҷумъа ҳам буд. Китобро аз сар то охир бо шавқ хондам. Он бо забони соддаву таъсирбахш навишта шуда, хонандаро ба накӯкорӣ, инсонгароӣ ва хушбинӣ ҳидоят мекунад. Пас аз мутолиа нисбат ба шахсият ва эҷодиёти устод эҳтиромам дучанд афзуд ва китобро ба хонандагон тавсия додам.

Инчунин, донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Самарқанд Фароғат Абдураҳмонова, Нодира Тоҳириён ва Мавзуна Муҳаммадова оид ба китоб ва эҷодиёти нависанда сухан гуфта, хотираҳои шиносоии худ бо ин адиби хушсалиқаро баён карданд.

Дар охир, нависанда Бахтиёри Ҷумъа барои ташкили чорабинӣ ба маъмурияти мактаб ва муаллима изҳори сипос намуда, дар бораи ҷараёни офариниши китоби “Азизони дил” ба ҳозирон маълумот дод.

Сурудҳо ва намоиши саҳначаҳои ҳаҷвӣ аз ҷониби Фурқат Ҳалимов ба ҳозирон кайфияти воло бахшид.