Ovozi.uz

Авиарейси «Самарқанд — Ню-Йорк» ба роҳ монда мешавад

Баробари ободу зебо шудани Самарқанд инфрасохтори он ҳам сол то сол беҳтар мегардад. Бинобар ҳамин, дар ин шаҳри азим бисёр анҷуманҳои бонуфузи байналмилалӣ бо нуфузи баланд мегузаранд.

— Сайёҳӣ соҳаи сердаромаду ояндадор аст, — гуфт дар оғози ҷамъомаде, ки ба рушди соҳаи сайёҳӣ ва пешгирии иқтисоди пинҳонии соҳа башида шуд, ҷонишини ҳокими вилоят Рустам Қобилов. — Дар ин бобат дар вилоятамон корҳои зиёде амалӣ шудаанд: меҳмонхонаҳои нав ба кор даромаданд, зиёратгоҳҳо обод мегарданд, объектҳои меъмори тармиму азнавсозӣ мешаванд. Хизматрасониҳои соҳаҳои дигари сайёҳӣ ҳам рушд меёбанд. Ҳамаи инро Президентамон дар вақти ташрифи худ махсус қайд карданд. Баъди тармиму азнавсозиҳои маҷмӯъҳои бузурги Имом ал-Бухорӣ, Имом Мотурудӣ ва Махдуми Аъзам шумораи саёҳон боз ҳам меафзоянд. Бояд гуфт, ки соли ҷорӣ зиёда аз 3 миллион нафар сайёҳ ба вилояти мо омадаанд ва дар солҳои баъди имкони то ду баробар зиёд кардани ин нишондиҳанда вуҷуд дорад. Дар оянда нақша дорем, ки авиарейси мустақими «Самарқанд — Ню-Йорк»-ро ба роҳ монем.

Рустам Қобилов баробари ҳамин таъкид кард, ки дар сохтори меҳмонхонаҳо, тарабхона, нуқтаҳои хӯроки умумӣ ва соҳаҳои дигари хизматрасонӣ ба сайёҳон амалҳои ғайриқонунӣ ҳам ба назар мерасанд. Мо бояд ба ин гуна корҳо хотима диҳем. Пур шуданаи буҷети вилоят ба супурдани андоз вобаста аст.

Ҷонишини якуми сарвари Садорати андози вилоят Акмал Валиев соҳибкорони соҳаи сайёҳиро ба ҳамкорӣ даъват намуда, камбудӣ ва пинҳон доштани даромади ташкилотҳои соҳаҳои хизматрасонӣ ба сайёҳонро қайд намуд.

Раиси шӯро, сардиректори Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди “Shaherezada Sam Star Tour”-и шаҳри Самарқанд Толиб Ҷаҳонгиров, сарвари Садорати туризми вилоят Ҷӯрабек Суюнов ҳам дар атрофи ин масъала суханронӣ карда, фикру мулоҳизаҳои худро баён намуданд.

Дар охири ҷамъомад тақдимоти лоиҳаи “Компанияи ривоҷи соҳибкорӣ” баргузор гардид.                                                                                              

Б.ҶУМЪАЕВ