Мувофиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 9-уми декабри соли 2025 «Дар бораи ба муносибати Рӯзи кормандони кишоварзӣ мукофотонидани гурӯҳе аз ҳамватанонамон, ки дар рушди соҳа саҳми арзанда гузоштаанд», ҳамватанони фидокорамон, ки дар соҳаи кишоварзӣ кор мекунанд, бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд. Байни онҳо сокинони Самарқанд низ ҳастанд.
Имрӯз дар ҳокимияти вилояти Самарқанд маросими тантанавии мукофотсупорӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур ҳокими вилоят Адиз Бобоев роҷеъ ба ислоҳоти татбиқшаванда барои рушди соҳа, ба даст овардани ҳосили зиёд тавассути ҷорӣ намудани усулҳои интенсивии агротехникӣ, баланд бардоштани некӯаҳволии аҳолӣ ва васеъ намудани иқтидори содиротӣ суханронӣ карда, фидокорони соҳаро барои ба даст овардани натиҷаҳои бузург табрик гуфт.
Дар маросим, тибқи фармони Президентамон,
бо ордени «Меҳнат шуҳрати»
Холмирзоев Дӯстмуҳаммад — профессори Донишгоҳи давлатии тибби ветеринарӣ, чорводорӣ ва биотехнологияи Самарқанд,
бо ордени «Дӯстлик»
Абдулазизов Облоқул — муҳандис-гидротехники калони каналҳои Садорати системаи обёрии «Мирза-Пай»,
бо медали «Ҷасорат»
Сувонов Нурмуҳаммат Бобомурадович — оператори комбайни ғаллаи хоҷагии фермерии «Мирзаев Шуҳрат Кенжаевич»-и ноҳияи Пахтачӣ,
бо медали «Шeҳрат»
Қодиров Меҳроҷ Усмонович — соҳиби қитъаи замини шахсӣ дар ноҳияи Самарқанд,
Мухторова Ҷамила Шукуровна — коргари ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Жомбой агропилла»-и ноҳияи Ҷомбой,
Ризонов Азимхон Холович — роҳбари хоҷагии фермерии бисёрсоҳавии «Азимхон Ризонов»-и ноҳияи Каттақӯрғон,
Шеров Эркин Курбанович — роҳбари хоҷагии фермерии чорводории «Элдор»-и ноҳияи Пастдарғам сарфароз гардонида шуданд.
