Солҳои охир дар соҳаи варзиши Ӯзбекистон тағйироти назаррас мушоҳида мешавад. Имрӯз рақобат на танҳо дар варзишгоҳҳо ё толорҳои варзишӣ, балки дар майдонҳои виртуалӣ низ идома дорад. Оммавӣ шудани киберспорт кори ҷавононро бо технология, тафаккури стратегӣ ва малакаҳои ҷамоавӣ ба сатҳи нав мебарорад. Ин ҷараён тасодуфӣ нест: эътибор дар сатҳи давлатӣ, ислоҳоти қонунгузорӣ ва тағйирот дар фаъолияти донишгоҳҳо заминаи мустаҳкамеро барои рушди киберспорт фароҳам овардааст.
Қарори роҳбари давлатамон таҳти рақами ҚП-423 «Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба боз ҳам ривоҷ додан ва оммавигардонии намудҳои киберспорт», ки 16-уми ноябри соли 2022 қабул гардидааст, барои куллан тағйир додани ин соҳа як рӯйдоди муҳиме буд.
Ин ҳуҷҷат киберспортро ҳамчун як намуди варзиши расмӣ эътироф намуд. Дар он як қатор вазифаҳои муҳим, аз қабили ташкили мунтазами мусобиқаҳо, муайян кардани ҷавонони боистеъдод ва омода кардани насли нави кадрҳо барои бахши IT, муайян карда шудаанд. Дар натиҷа, киберспорт имрӯз барои пурмаъно гузаронидани вақти холии донишҷӯён, рушди маданияти корӣ дар ҷамоа ва баланд бардоштани саводнокии технологӣ хизмат мекунанд.
Варзиши фиҷиталӣ — як навъи муосири мусобиқаи иборат аз унсурҳои фаъолияти ҷисмонӣ ва бозиҳои виртуалӣ мебошад. Дар ин формат, варзишгар ҳангоми ҳаракат дар майдон бояд ҳамзамон вазъияти даруни экранро назорат карда, қарорҳои зуд қабул кунад.
Яке аз аввалин кишварҳои бо Федератсияи байналмилалии варзиши фиҷиталӣ меморандуми ҳамкорӣ имзо карда будани Ӯзбекистон низ бесабаб нест. Ин ба муносибати кушодаи кишварамон ба шаклҳои замонавии варзиш ва мақсадҳои стратегии варзиши рақамӣ вобаста аст. Иштирок дар «Бозиҳои оянда»-и Қазон бори дигар таваҷҷуҳи ҷиддӣ ва пайвастаро ба варзиши фиҷиталӣ тасдиқ кард.
Статистикаи имрӯза низ рушди соҳаро тасдиқ мекунад:
— Зиёда аз 70 муассисаи таълими олии Ӯзбекистон ҷамоаи киберспортиро доранд.
— Ҳар сол 15-20 мусобиқаи бузург баргузор мешаванд.
— Шумораи ҷавононе, ки мунтазам бо киберспорт машғуланд, ба 50-70 ҳазор нафар расидааст.
— Самтҳои маъмултарин: Dota 2, Counter-Strike 2, PUBG Mobile, Mobile Legends.
“ZIYO CUP — 2025”: санҷиши қувваи донишҷӯён
Мусобиқаи “ZIYO CUP — 2025”, ки дар “Cyber Arena”-и Тошканд баргузор шуд, ба бузургтарин майдони мусобиқаҳои киберспорт байни донишҷӯён табдил ёфт. Мусобиқа аз рӯи миқёси зерин ташкил карда шуд:
— 68 донишгоҳ,
— зиёда аз 200 иштирокчӣ,
— мукофоти пулӣ — 18 миллион сӯм,
— ҳазорҳо тамошобинон ва пайгирони онлайнӣ.
Дар давоми бозиҳои серӯза дастаҳо бо тамоми қувваи худ рақобат карданд.
Иштироки дастаи «IRBIS»-и SIUT дар ин мусобиқа аҳамияти махсус дорад. Даста соли 2025 ду маротиба дар саҳнаи ҷумҳуриявӣ баромад карда, аввал дар «Counter-Strike 2» ҷои 4-ум ва сипас дар «Dota 2» ҷои 3-юмро ишғол кард.
Дирӯз дар пойтахт маросими расмии мукофотсупорӣ барои дастаҳои ғолиб ва ҷоизадорони мусобиқа баргузор шуд. Дар ин чорабинӣ ба иштирокчиён дипломҳо, медалҳо ва ҷоизаҳо тақдим карда шуданд. Аз ҷумла, медали биринҷӣ, ки дастаи SIUT IRBIS дар «Dota 2» ба даст овард, алоҳида эътироф гардид. Дар ин маросим инчунин пешниҳодҳо вобаста ба дастгирии шавқи ҷавонон ба киберспорт шунида шуд.
