Ovozi.uz

Системаи таҷрибаомӯзӣ, ки донишҷӯёнро бо бахши воқеӣ пайваст мекунад — марҳилаи нави рушди касбӣ

Дар Донишгоҳи байналмилалии технологии Самарқанд семестри тирамоҳӣ ба таври анъанавӣ бо барномаи васеи таҷрибаомӯзӣ ба анҷом расид. Ин система, ки бар асоси принсипҳои таълими дуалӣ асос ёфтааст, барои муттаҳид кардани донишҳои назариявии донишҷӯён бо ҷараёнҳои воқеии истеҳсолӣ ва ташаккули онҳо ҳамчун кадрҳои баландихтисос мувофиқи талаботи бозор хизмат мекунад.

Дар моҳи ноябр, донишҷӯёни ҳама ихтисосҳо ва курсҳо имкон доштанд, ки малакаҳои худро дар корхонаҳои бузурги саноатии ҷумҳурӣ такмил диҳанд, худро дар муҳити воқеии касбӣ бинанд, таҷрибаи амалӣ андӯзанд ва дар тренингҳои махсус таҳти роҳбарии муҳандисони амалиётчӣ ва коршиносони хориҷӣ иштирок кунанд.

Барномаи таҷрибаомӯзии тирамоҳӣ, мисли ҳамеша, дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ва дар миқёси васеъ ташкил карда шуд. Пойгоҳҳои таҷрибаомӯзӣ се минтақаи бузурги саноатии кишварро фаро гирифтанд ва тренингҳои таълимӣ, амалӣ ва таҷрибаомӯзӣ дар зиёда аз 15 корхонаи пешбари саноатии минтақаҳои Самарқанд, Қашқадарё ва Тошканд баргузор шуданд. Ин доираи минтақавӣ ба донишҷӯён имкон дод, ки ҷаарёнҳои истеҳсолиро дар шароити гуногуни саноатӣ ва геологӣ мушоҳида кунанд, бо муҳити воқеии истеҳсолӣ ошно шаванд ва малакаҳои зарурии амалиро дар корхонаҳои пешбари соҳаҳои худ инкишоф диҳанд.