Ovozi.uz

Мукофоти амал

Азимхон Ризонов солҳои зиёде боз дар соҳаи кишоварзӣ меҳнат мекунад. Ӯ аз зумраи деҳқонони асили ноҳияи Каттақӯрғон ба ҳисоб меравад. Ба туфайли ташаббускориву чашмикордонӣ тӯли солҳо ба хоҷагии фермерии бисёрсоҳавии “Азимхон Ризонов” роҳбарӣ мекунад ва ҳар сол аз замини хоҷагии худ ҳосили дилхоҳ мерӯёнад.

Азимхон Ризонов ба туфайли заҳмати фидокорона, муносибати оқилона ба замин ва истифода аз таҷрибаҳои муосир дар рушди соҳаи кишоварзӣ саҳми назаррас мегузорад.

Дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон “Дар бораи ба муносибати Рӯзи кормандони кишоварзӣ мукофотонидани гурӯҳе аз ҳамватанонамон, ки дар рушди соҳа саҳми арзанда гузоштаанд” баробари дигарон Азимхон Холович Ризонов ҳам барои кори самаранок, ташаббускорӣ ва натиҷаҳои баланди ӯ дар соҳаи кишоварзӣ бо медали «Шуҳрат» сарфароз гардонида шуд.